Зеҳн
Моҷарои рафта

Китоби «Моҷарои рафта», бозтоби порае аз таърихи муосири шифоҳии Тоҷикистон аст

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 253 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

бориза оғоз кардед, ман 25 сол мешавад, ки бо инҳо меҷангам!»
гуфта, фитна меандохт, тӯда «Меҷангем, дафъ шаванд!» гуфта шиор медод. Ростӣ, ин шоири миллат аз ҳамон фитратҳоест, ки ӯро «бояд кушт ва дар маргаш гирист». Ӯ мехост фоҷиаи «та бартақсим» ба сари миллат овардаро тақвият диҳад. Мехост қисми шимолии кишварро ҷудо ва дафъ кунад. «Равед, хонаҳои хуҷандиҳоро рӯйхат кунед ва кашида гиред», беибо дастур медод ӯ.
Шиори «меҷангем»-и онҳо лофи ҳавоӣ набуд. Онҳо гурӯҳҳои шибҳинизомӣ ташкил карда буданд. Ҷавонони ин гурӯҳҳо ба пешониашон латтаи сафед, ки дар он «фидоӣ» навишта буданд, баста, дар рӯи роҳи мошингарди пеши чойхонаи «Роҳат»
машқи низомӣ мекарданд. Вақти бо низом қадам задан, ҳамон шиори «Золимин»-ро бо мароми хос мехонданд. Дар дасташон коктейлҳои Молотов, бо низом қадам зада, аз майдон мегузаштанд. Иштиёқи қудратхоҳияшон он қадр боло гирифта буд, ки чашми ақлашонро кӯр карда буд ва ба ҳар хунхорие тайёр буданд. Ин хирасарон мехостанд бо ҳама: «кофирон», шимолиҳо, русҳо, ӯзбакон яку якбора биҷанганд. Дар байни онҳо аз факултаи мо низ чанд нафар буданд. Ман чандин бор саъй кардам бо онҳо суҳбат кунам. Фаҳмонданӣ мешудам, ки тазоҳурот бояд оромона баргузор шавад. Ниёз ба ҷангу кушокушӣ нест. Вале онҳо ба ман «ҳоло сабр кун, мо ғалаба кунем, худат ба тарафи мо мегузарӣ», мегуфтанд.
Шодмон Юсуф – раиси Ҳизби демократ пешниҳод кард, ки русҳои муқими Тоҷикистон гаравгон гирифта шаванд. Ба қавли дигар, гӯё ӯ гуфта будааст, ки агар Русия ба корҳои Тоҷикистон дахолат кунад, русҳои дар Тоҷикистонбударо дар ҳоли гаравгон мегузорад. Дақиқ намедонам ӯ чӣ гуфта буд, вале сад дар сад медонам, ки ғайр аз ҳамин ҳарфи аблаҳонаи ӯ, ҳеч кас ба рус забонон на лафзӣ, на дар амал таҳдиде накарда ва озоре нарасонда буд. Вале мутаассифона, бар асари ҳамин гуфтаи ӯ

пешина
аз 253
навбатӣ