Зеҳн
ҲАРФЕ, КИ МО МЕХОНЕМ

Дар олам хат бисёр аст. Ҳар хат алифбо ва намунаи хос дорад. Алифбои мо кириллӣ мебошад. 80 сол инҷониб ҳамин хатро мехонему менависем. Пеш аз ин хати мо лотинӣ буд. Аз лотинӣ пештар форсӣ, пеш аз форсӣ хати суғди, паҳлавӣ ва мехӣ хонда менавиштем... Китобе, ки бачаҳои азиз, дар даст доред, таърихи пайдоиши хатҳост. Муаллифи вобаста ба алифбои Брайл (барои нобиноён) ва дактиологӣ (барои мардумони гушашон ношунаво ва забонашон лакнатдошта) низ маълумоти аҷиб ҷамъ овардааст.

зеҳни сунъӣ · 11 октябри 2024 · 5 саҳифа · 1 писанд

Наврасон

ҲАРФЕ, КИ МО МЕХОНЕМ

Мо ҳар рӯз китоб мехонем ва менависем. Аз радио ва телевизион, аз одамон ҳар хел сухану маълумот мешунавем. Ҳамаи ин ба воситаи ҷумла ва калимаҳо навишта ё гуфта мешавад. Дар навбати худ калимаҳо аз овоз иборатанд. Онҳо ба воситаи ҳарф навишта мешаванд. Ифодаи шартии овоз ҳарф ном дорад. Ҳарфҳо дар якҷоягӣ алифбо ном доранд. Яъне алифбо аз овоз ва ҳарф иборат аст. Алифбо ба мо хатту забонро меомӯзад. Оё медонед, ки ин ҳарфҳо кай ва дар куҷо ихтироъ шудаанд?

Тоҷикон ва халқҳои дигари эронтабор дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз алифбо ва хатҳои гуногун (мехӣ, оромӣ, авестоӣ, паҳлавӣ – форсии миёна, суғдӣ, хоразмӣ, арабӣ ва ғайра) истифода кардаанд.

Ҳарфҳоеро, ки мо ҳоло истифода мекунем, хат ё алифбои кириллӣ ном доранд.

АЛИФБОИ КИРИЛЛӢ

Чаро алифбои мо кириллӣ ном дорад? Ин хатро кай ихтироъ кардаанд?

Алифбои имрӯзаи забони тоҷикӣ алифбои кириллӣ ном дорад. Ин алифбо тақрибан дар асри Х аз тарафи барода рон Кирил ва Мефодий дар асоси алифбои лотинӣ тартиб дода шудааст. Ин алифбо бо фармони шоҳи империяи Ви зантия Михаили III барои за бони қадимии славянӣ эҷод шудааст. Византияи қадим дар қаламрави мамлакатҳои имрӯ заи Юнон, Булғория, Туркия, Сурия, Ироқ, Лубнон ва Исроил вуҷуд дошт. Аз ин алифбо дар тӯли садсолаҳо баъзе халқҳои Аврупои Шарқӣ ва Русия истифода мекунанд.

Алифбои ҳозираи кириллӣ дар соли 1708-ум дар Русия дар замони ҳукмронии Пётри I дар асоси алифбои пешинаи кириллӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин алифбо 50 забон дар Русия, баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ то ҳол истифода мебаранд.

АЛИФБОИ ТОҶИКӢ (КИРИЛЛӢ)

Алифбои тоҷикӣ (кириллӣ) дар асоси алифбои русӣ (кириллӣ) сохта шудааст. Ин алифбо дар Тоҷикистон аз соли 1940-ум истифода мешавад.

Ба ин алифбо 6 ҳарфи ифодакунан даи овозҳои забони тоҷикӣ (Ғ, Ӣ, Қ, Ҳ, Ҷ, Ӯ) илова шуда ва баъзе ҳарфҳои алифбои русӣ ихтисор шудаанд. Дар алифбои тоҷикӣ 35 ҳарф ва 30 овоз мавҷуд аст. Аз сабаби ду шакли навишт доштани баъзе ҳарфҳо миқдори онҳо аз овозҳо бештар аст.

Зиёда аз 80 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон ва тоҷикзабонони Осиёи Марказӣ аз алифбои кириллӣ истифода мебаранд.

Расм: Алифбои имрӯзаи тоҷикӣ (кириллӣ ва номи ҳарфҳо)

аз 5
навбатӣ