Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавҳид,
Ҳар раҳгузаре санг занад ор надорем; -
гуфтааст, олими шаҳир Сайид Алию Ҳамадонӣ.
Оре, Ҳазрат ҳамеша ин суханонро вирди забон такрор мекарду талқин менамуд, ки барои суфӣ шудан пеш аз ҳама марди тариқат бояд ба нафси хеш ҷиҳод намояд, ғолиб барояд. Он гоҳ аз меҳри беҳудуди Худованд ба ӯ таҷаллӣ менамояд, қалби сангинаш нарм, чашми хирадаш боз гашта, ҳақро аз ноҳақ мешиносад.
Яке аз муридони пешқадаму хизматгузори ӯ Шайх
Мулло Фахриддин буд. Он кас сокини деҳаи
Бузкушаки мавзеи Баландсар буданду самари ранҷу
талошҳо дар роҳи илм соҳиби иршод гаштанд. Мулло
Фахриддин табиатан ҳалиму хоксор ва қаноатпеша
буда, асло кӯшиши луқмаи ройгонро надошт. Худаш
кишт мекард, мекорид, медаравид, бо аҳли байташ
баҳрабардор буд. Мулло ҳатто дар айёми кишту кор
ранҷу заҳмат додани чорвоёнро намеписандид. Худо ба
ман дасту по додаасту онҳо барои ризкрасонианд. Чаро
дигар мавҷудот, бо меҳнату заҳмат ғизо мехӯранду
одам не? Инсон то ба обилаи кафи даст, дарди пою
миён, обу арақи тан нон наёбад, ба қадри якдигар, ба
қадри ҳаёт нахоҳад расид. Одами танбал муттаҳам,
дӯзд, дурӯғгӯй ва шарманда аст, меандешид ӯ. Ба замми
меҳнатқаринӣ сари вақт ба масҷид мешитофтанд, пои
бетаҳорат гаштани бандагонро вубол медонистанд. Роҳ
аз масҷид то сари замин, аз он ҷо то хона дур бошад
ҳам, кӯшиш мекарданд, ки қафо намонанд. Шаб дар
роҳи тангу тори камари кӯҳ азоб кашида ба хона
мерасиданд, боз ду ракъат намози шукронаро хонда, то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё