Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

Сарчашмаи мавзеи Даштиҷум будаанд. Муддатест, ки мардак худ ба худ кӯр шудааст. Таи чанд сол ба пеши ҳамаи табибону муллоҳои медонистагиаш рафтааст, даво наёфтааст.

Бобои Эшон даст ба китфи ҷавон гузошт, сарашро сила карда хонд: «Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва расулиҳи ва-л-явм-ил-охири ва-л-қадари хайриҳи ва шарриҳи мин-аллоҳи таъоло ва-л-баъси баъдал-ал-мавт». Мазмунаш: Имон овардам ба Худо ва малоикаҳои ӯ ва расулонаш ва китобҳояш ва бар он, ки дар дунё ҳар он чӣ мешавад, хубӣ ва бадӣ ҳама аз тақдир аст ва бар он, ки баъд аз мурдан боз зиндагист. Пурсид:

  • Намоз мехонӣ, эй бандаи Худо?

  • То бемориам мехондам, айни ҳол не, лекин имон овардаам, сураву оятҳоро кам-кам мехонам.

  • Агар ба болои ҷойнамоз касе мадад кунаду бишинӣ, бовар кунӣ, ки пероҳану ҷои саҷда пок асту ҷониби Қиблай, намозата қазо накун, - гуфт Ҳазрат ва даст ба рӯи мариз бурду дуъо хонд.

Маризро бурданд. Се рӯз пас ду чашми хурчин пури савгот, болои хар савор, писаракаш аз пушт назди суфа пайдо шуд. Чашмаш ба бобои Эшон афтиду ба зону зад, талх гирист. Чун Ҳазрат даст ба шонаи ӯ бурд, аз ҷой бархост ва рӯ ба бобои Эшон оварда гуфт:

  • Эй назаркардаи Худованд, агар чашми ҳасуде ҷонибат боз аст, кӯр шавад. Эй банданавози мӯъминон! Охир айёми курӣ медонем, ки агар одами бино якбора оҷиз шавад, ба рӯи кас дари ҷаҳаннам боз мешудааст, дар номи покат садка шавам, бобои Эшон. Дар шаш-ҳафт моҳи охир дӯстонам кам меомадагӣ шуданд, завҷаи ҷавонам аз ғамму андӯҳ зор-зор мегирист, дилам ба ҳолаш месӯхт, қариб, ки ҷудо шавам...
пешина
аз 176
навбатӣ