Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
мутолиа менишаст. Шогирдон баробари ӯ муноҷотро такрор мекарданд. Чун шогирдон ба зикр мерафтанд, худи бобои Эшон ба ибодату зикр шурӯъ менамуд, то нисфи шаб. Ҳар рӯз аз ҳар яке шогирдон натиҷаи зикрро дархост менамуд, мепурсид, чанд оёти Қуръонро мешунид, агар тафсир карда метавонистанд, ба беҳтаринҳо либоси хоса - хирка медод. Албатта на ҳар якеро насиби ин мартаба мегардонид. Шогирди ба ин комёбшударо то хонааш гусел менамуданд ва он шогирд як ҳафта дар хилват ба ибодат машғул мегашт. Шарикдарсон бо навбат ӯро хабар мегирифтанд. Баъди ин муҳлат ба сафи соликони хиркапӯш нишаста, ба зикру ибодат машғул мешуд, ба баҳсҳо шарик мегашт. Баъди намози пешин боз ба хилватгоҳи худ мешитофт.
- Маъсият аз ҳар кӣ содир шавад, нописандида аст ва аз уламо нохубтар, ки ин силоҳи ҷангии шайтон аст ва худованди силоҳро чун ба асирӣ баранд, шармсорӣ пеш ояд.
Оми нодони парешонрӯзгор
Беҳ зи донишманди нопарҳезгор.
К-он ба нобинӣ аз раҳ уфтод,
В-ин ду чашмаш буду дар чоҳ уфтод;
таъкид менамуд ба онҳое, ки дар ҷодаи илм тану ҷон меафсурданд.
Ҳазрати Эшон дар таълим аз ҳад зиёд сахтгир ва камсухану тундзабон буд. Аммо вақт ёфта, ба рози муридон, арзи дили онҳо низ гӯш медод. Чун дар ҳалли мушкилоти рӯзгор дармемонданд, мегуфт:
- Ноумед аз Худо танҳо шайтони алайҳилаъна аст, сабр кунед, вақту соаташ бирасад, иншоаллоҳ, ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё