Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Нақл мекунанд, ки боре вақти таҳсил Ҳазрати Эшон аз писараш Абдулмачид сабақи гузаштаро пурсон шуд. Ба кадом асосе он рӯз писараш дар посухи суол кундӣ намуда, ба ҳайбату сиёсати сахти падар дучор омад. Ҳазрат Абдулмачидро сахт коҳиш кард. Сонитар Абдулмачид ҳушёртар гашта, ҷиддитар машғули таълим гардид.
Ҳамин тавр дар муҳити хеле ҳассосу ҷиддӣ кори таълим суръат мегирифт. Ҳазрати Эшони Алааспа ба қироат, усулу услуби хондани сатрҳои китоб назари хоса доштанд.
- Вобаста ба маъниву матлаби матн бояд овози қорӣ, воиз, мулло дигаргун шавад, то сомеъон дар фаҳми мантиқу мӯҳтаво сабукӣ ёбанд. Нақши пурэҳсос, ҷозибанок шӯҳрату маънии калимаву ибораҳоро афзун мегардонад, - панд медоданд он кас. Чун яке аз уламоҳои машҳури мулки араб чанд моҳ меҳмони Ҳазрат шуданд, бо хоҳиши он кас чанд муддате ба шогирдон аз тарзу равишҳои мухталифи қироат вазъ гуфтанд, ёд доданд. Аз ин лиҳоз қариб кулли дастпарварони Ҳазрат овози буррову шево дошта, сомеъонро мутаассир месохтанд.
Аз зумраи чунин хушовозҳо писарони Ҳазрат Махдуми Абдулмачид ва Муҳаллил ҳисоб меёфтанд.
Ҳазрати Эшон миллатгароиву маҳалпарвариро чашми дидан надошт. Таъкид мекард, ки замин дар маҷмӯъ гаҳвораи башарӣ аст, инсон ҳақ дорад, ки дар ҷои дилхоҳаш умр ба сар бибарад. Соҳибэҳтиром он касе аст, ки ботавфиқ, худотарсу ҳирадманд аст, на ки солхӯрдаву умрдида. Дар назди Худои мутаъол рангҳову шаклҳо, миллат, қавме қиммату бартарии бештаре надоранд, чӣ хеле, ки Мавлавӣ фармудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё