Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

кардандӯ анвори маърифаташ дар паси абрҳои дасисаву тааддӣ нопадид гашта буд. Кулли шогирдонаш низ фирорию зиндонӣ ва қатл шуда буданд. Дар ҷои масҷиду мадрасаи ӯ фермаву анбор сохта, дар гулгаштҳояш галаву рама мечарид.

Дертар ҳарду Каримбердӣ як колхоз шуд ва номи Молотовро гирифт. Нахустин раиси он Умар Назаров буд. Каримбердии Миёна 33 хоҷагӣ дошт. Валӣ Раҳматов нахустин раиси ҷамоат, Салим Саид нахустин омӯзгори мактаби 8-солаи деҳ ба шумор мерафтанд. Саркорони он айём Шамсиддин, Давлат ва Салом ном доштанд. Ҷамоати он вақт 200 хоҷагиро муттаҳид менамуд.

Сокинони кӯҳансоли деҳаи Каримбердӣ Эшони Алааспаро хуб дар хотир доранд. Мегӯянд, ки баъди ҳабси Ҳазрат барои гузаронидани маросими маргу мурда, муоинаву шифои маризон ба диндорому табибони маҳалҳои дур қорафтода мешудем.

Мардуми хоҷагӣ машварат намуда, Мулло Қурбоналӣ – дӯсту ҳамсабақи бобои Эшонро ба Каримбердии поён кӯчонида оварданд. Пиру ҷавон ба хизмати ӯ шитофтанд. Мулло марди хоксор, меҳнатӣ буду шӯҳрату дабдабаро бад медид. Он рӯзҳо аз сиёсати бераҳмонаи давр тарсида, одамонро дар хонааш ҷамъ намекард. Ӯ посбонии хирманро бар дӯш гирифт, намегузошт, ки як дона ғалла аз анбори умум, ҷамъият гадр бишавад. Нақл мекунанд, ки рӯзе писараш Ҳабибулло дар халтачааш каме ҷуворимаккаро пинҳонӣ аз падар ба хона бурдааст. Рӯзи дигар хари калонашонро гург хӯрд. Мулло аз ҷуворимаккабарии Ҳабибулло огоҳӣ ёфта, ӯро сахт коҳиш намуд. Таъкид

пешина
аз 176
навбатӣ