Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
аз бехаш чашмаобе ҳувайдо мегардад. Ниёзмандон он маҳалро обод карданд ва Тӯтии Гулак ном гузоштанд.
Эшони Сорбонхӯҷа, ки соли 1888 ба дунё омада буд, марди ориф, ҷоннисори роҳи тасаввуф, тариқати шайхӣ ба шумор мерафт. Ӯ якумин шахсест, ки дар синни 17-солагиаш дар пеши Ҳазрати Абдулҳасани Ғиҷовакӣ, ки яке аз пирони комили тариқати Бухорои шарқист, таълим гирифта, соҳиби Хати иршод гардидааст. Дертар Ҳазрати Эшон дар пеши Домулло Санги Муфтии Ёвонӣ таълими тасаввуф гирифтааст.
Ҳазрат 45 соли ҳаёти хеш ба даст чизи ҳарома нагирифта, дидори номаҳрам надиданд, сухани носозо нагуфтанд. Ҳарчӣ шогирдон, мухлисон меоварданд, боз ба худи онҳо мебахшиданд. Марди шабзиндадор, ҷафокаши роҳи Аллоҳ буданд.
Эшони Сорбонхӯҷа бо Ҳазрати Эшони Алааспа рафтуои дӯстӣ дошт ва барои босаводӣ, фурӯтаниаш эҳтиром мегузошт. Эшони Алааспа низ тез-тез ба зиёрату дидорбинии ӯ меомад. Ҳар вақте меҳмон мешуд, ӯро хуб пазироӣ менамуданд.
- Сулуки тариқат бисёр душвор аст, - таълим медод бобои Эшон, - вақте инсон қасди ин роҳ мекунад, бояд аз кардаи бади хеш пушаймониву тавба орад, аз Худо омӯрзиш хоҳад, ба пири комил иродат намуда, фармудаи пирро аз дилу ҷон ба ҷой биоварад, ба василаи зикр, тиловат, ба василаи намозҳои нофеъ, намозҳои шаб (таҳаҷҷуд), иштиноб аз шубҳаҳо, сабру таҳаммул идомаи роҳ намояд. Ишқи Илоҳӣ раҳнамову раҳбари мӯъмин аст. Мӯъмин аз ишқи илоҳисту ишқ аз мӯъмин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё