Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
дурдонаҳои фарҳангу адабиёти классик, фиқҳу риёзиёт, тафсири Қуръону аҳодиси пайғамбарро омӯхтанд. Онҳоро дар тобеоти Сариҳосору Даштаку Балҷувон, Ховалингу Мӯъминобод эҳтиром менамуданд.
Чун умри Ҳазрат ба ҷое расид, фавти хешро эҳсос намуд, пайвандону муридонашро ба наздаш хонду васият кард: «Азизон, вақте колбад тиҳӣ кардам, ҷанозаамро бихонеду дигар ба тобут кордор нашавед».
Ҳамин хел ҳам карданд. Дар пеши назари ҳазорон одамони ба маросим гирдомада, тобут ба ҳаво бархосту мардум аз дунболаш. Тобут дарёи Вахшро гузашта, дар қишлоқи Гундипошнаи мавзеи Ромит нишаст. Мардум ҷамъ шуда, майтро гӯр кардан мехостанд, аммо тобут боз ба ҳаво хест. Аз байни шоҳҳои сарбафалаккашида гузашта, ҷониби офтобшин нопадид гардид. Мардуми ҳолдону роздон ба куҷо рафтани онро дарк намуданд, ба зодгоҳи Ҳазрат шитофтанд. Тобут дар болои деҳаи Патрони Қаршӣ, ки зодгоҳи Ҳазрат он ҷо буд, фуруд омад. Ҳамдеҳагон ҳамон ҷо бо иззату икром дафнаш карданд. Аз ҳамон рӯз эътиборан мардуми шоҳиди воқеа ва пасованданашон қудрати илоҳӣ, каромати дӯстони Худоро дида, ба бузургию некдинии авлиёзодаи барҳақ, пирашон қоил мешаванд ва бо ифтихор ӯро Ҳазрати Шоҳнизоми Баландпарвоз ном мебаранд.
Минбаъд маҳфилафрӯзи маърифатхоҳони тобеот бар дӯши фарзандони ӯ Сайид Минҳоҷи марди валӣ ва набераҳои ӯ Сайид Шоҳисматуллоҳи Зоробии марди валӣ вогузор мешавад. Ҳар кадоми номбаршудагонро ҳоло, яъне баъди садсолаҳо, муридонашон ба некӣ ёд менамоянд. Аслан бигирем, қариб ҳамаи беҳтарин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё