Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
- Не, раис, бе меҳнат рӯз гузаронда наметавонам, табъи дилам нест, - арз намуд Мулло Назар.
Овозаи файзи даму дуои ӯ, диндори соҳибмартаба буданаш дар муддати андаке ба атроф паҳн гашт ва хавфи дастгиршавиаш ба миён омад. Акнун ӯ маҷбур шуд, ки баробари нахустин муҳоҷирон соли 1954 ба хоҷагии ба номи Калинини ноҳияи Фарҳор кӯч бандад. Чун дар ин мавзеъ низ обрӯманд шуду чун мулло ном баровард, аз таъқиби навбатии мақомоти дахлдор тарсида, ба деҳаи Узунохури Ховалинг кӯч баст. Раиси ошнояш, оне, ки ӯро ба Фарҳор оварда буд, аз фирори ногаҳонии мулло хафа шуд. Баъди чанде мошину одам гирифта ба Узунохур рафт ва муллоро базӯрӣ ба зери ҳимояву парастории хеш овард. Ӯ акнун пиру пешвои мардуми хоҷагӣ ба шумор мерафт.
Мулло Назар соли 1957 аз дунё гузашт. Писарони ӯ Абдуваливу Абдунабиро, ки хурдсол буданд, Махсуми Абдулмаҷид ба оилаи худ оварда, нигоҳубин ва тарбияи онҳоро ба уҳдаи худ гирифт. Баробари фарзандони худ таълим дод, ба воя расонид, хонадор кард.
КАМПИРИ ҶУМДА
Чунон ки зикраш дар боло рафт, яке аз завҷаҳои бобои Эшон аз Кӯлоб буду онро Бибии кӯлобӣ ном мебурданд. Ӯ завҷаи аз ҳама ҷавонтари Ҳазрат буд ва аз рӯи хеле бофаросат, ҳунарманду оқила буданаш назди бузургвор мартабаи баландро доро буд.
- Ту аз ҳама ҷавон астӣ, ба худат гуноҳ нахар, ман ба сафари дуру дароз меравам, ки оқибаташ маълум

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё