Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Кемухтро бештар аз пӯсти хару асп тайёр мекарданд. Тартиби коркарди кемухт ба чарм монанд аст. Аммо ин як навъи чарми босифат мебошад. Онро ба шакли махсус даббоғӣ мекунанд. Барои босифат баромадани он аз пӯстлохи решаи дарахти бодом истифода мебаранд, ки онро кемухтгарон «кармак» мегӯянд. Чарми кемухтӣ барои дӯхтани пойафзолҳои мардона ва занона бештар истифода мешавад. Боз кемухтро дар рӯи сандуқ низ кашида мехчакорӣ мекунанд. Чармгарони ҳозира барои ранг кардан аз рангҳои кимиёии ҳозира истифода мебаранд. Аммо чармгарони гузашта, барои рангкунӣ аз гиёҳҳо истифода менамуданд. Чунончӣ, аз гиёҳи бузғунҷ ва торон ранги чармгарӣ тайёр мекунанд.

Боди ямонӣ ба суҳайлӣ насим
Сохта кемухти замонро адим.
(Н. Ганҷавӣ).

Дар деҳаи Қаротоғ чармгарони шинохта, ки ҳамаашон аз як маҳаллаанд, чандин нафаранд: Ашӯр-чармгар, Шукурчармгар, Ғафурчармгар, Қурбончармгар, Мӯминчармгар, Рӯзичармгар, Болтучармгар ва дигарон. Дар айни замонҳо танҳо як нафар — Халилчармгари 55-сола, касби бобою бодараро тақлид мекунаду бас. Маълумотҳои мо низ аз рафти кори чармгарии ӯ рӯи қоғаз омад.

КАФШДӮЗӢ

Кафшдӯзӣ яке аз пешаҳои ҳунармандони қаротоғӣ аст, ки аз ибтидои асри XIX то солҳои 60-уми асри XX амал мекард. Дӯкони кафшдӯзӣ бо қолабҳои гуногунандоза, анбӯр, газан, дарафш, чӯбтарош, чӯби бахия, чӯби рахш, чӯби пайкашӣ, кӯвалд, кунда, фона, андоз ва бо дигар олотҳо ҷиҳозонида мешуд.

Кафшдӯзон чармро аз устоҳои чармгар мехариданд. Чарми ҳамворро кафшдӯз андоза карда бо газан мебурад. Андоз аз чарм ё коғази сахт бурида шудааст. Чарми андозакардашударо тавассути ришта ва дарафш медӯхтанд. Баъд онро дар об тар карда тавассути анбӯр кашида ба рӯи қолаб ҷойгир менамоянд, сонӣ онро мехчакорӣ мекунанд ва дар атрофи

пешина
аз 214
навбатӣ