Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
фаъолияти илмӣ-эҷодӣ ва ҷамъиятияш хеле васеъ гардид. Ӯ муовини Раиси Шӯрои илмии Донишкадаи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин барои доданӣ унвони илмӣ, аъзои редколегияи энциклопедияи мухтасари адабӣ (Москва), инчунин, вай чандин солҳо аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Мактаби Советӣ» буд. Н. Маъсумӣ аз соли 1960 сар карда ҳамчун ходими намоёни ҷамъияту илм, Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 6—8), раиси шӯъбаи Тоҷикистонии ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои мадании ИҶШС бо Афғонистон, аъзои шӯрои умумииттифоқӣ оид ба масъалаҳои лексикология ва лексикография буд.
Охири соли 1966 Н. Маъсумӣ ба Эрону Афғонистон сафар кард, ба зиёрати мақбараи Ибни Сино, Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз мушарраф шуд.
Н. Маъсумӣ аз соли 1936 сар карда шеъру мақола, китобҳои дарсӣ, барои забон, адабиёти даҳонакии халқ, китобҳои дарсӣ оид ба адабиёти шӯравӣ, барои мактабҳои миёна ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, оид ба асарҳои бадеӣ монографияҳо чоп кардааст, инчунин оид ба забону адабиёт зиёда аз 25 асари илмӣ ва 200 мақола чоп кардааст. Аз ҷумла асарҳои назариявии ӯ «Нишондодҳои методӣ ва супоришҳо аз забони модарӣ» (1949), «Фольклори тоҷик» (1952), «Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик» (1959), «Усули таълими адабиёт дар синфҳои 5—8» (1960), «Муҳаммадҷон Раҳимӣ» (монография — 1962), «Адабиёти тоҷик дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX» (1962), «Ҷаҳонбинӣ ва маҳорат» (1966). Китоби дарсӣ барои синфи X, «Адабиёти советнии тоҷик» (1952) бо ҳаммуаллифин Ҳ. Мирзозода ва Ю. Бобоев. (7. с. 281).
Н. Маъсумӣ аз соли 1969 Аъзо-корреспонденти Академияи Улуми Тоҷикистон буд ва аз соли 1945 аъзои ҲКИШ мебошад.
Барои хизматҳояш дар соҳаи таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисон ба Н. Маъсумӣ соли 1960 унвони Ходими Хизматнишондодаи Илм дода шуд. Инчунин ӯ бо ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст (37. саҳ — 208).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё