Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан
  1. Меъёри тухми гандум, млн. дона/га дар вақтн 100% киштбоб будани тухмӣ

Вилоят ё минтақаНавъҳои баландпояНавъҳои кўтҳпоя
Лалмии аз бо-Лалмии аз бори-Заминҳои обӣЛалмии аз бо-Заминҳои обӣ ришот таъминшот нимтаъминришот таъмин Суғд
Рашт
Ҳисор
Кўлоб
Қўрғонтеппа
Помири ғарбӣ
Зидди алафҳои бегона аз моддаҳои кимёвӣ-гербисидҳо истифода мебаранд. Бар зидди алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ дар давраи панҷазанӣ гербесиди Базарган, 48% (истеҳсоли Олмон) аз ҳисоби 2-4 л/га ё 0,15-0,5 л/га Банвел (Шветсария) истифода бурда мешавад. Барои иҷрои ин кор бештар аз олотҳои трактории ОН-400, ОН-10, ОПШ-15 истифода мебаранд. Маҳлули корӣ бо ёрии ОТК-5 ва АПЖ-12 тайёр карда мешавад. Ба муқобили бомас (овсюг) пеш аз кишт дар чуқурии 4-5 см. ба воситаи чархмолаҳо аз ҳисоби 2-3 л/га, триаллати 40% э. к. таги хок карда мешавад.
Дар мубориза ба муқобили ҳашароту касалиҳо аз усулҳои якҷояи агротехникӣ, кимиёвӣ ва биологӣ истифода мебаранд. Ба муқобили ширинчаҳо, кирми ғўза, канаҳо заҳрдоруи амбуш ва нурелл 55% аз ҳисоби 0,5 л/га, дар давраи панҷазанӣ-найчабандӣ истифода бурдан тавсия мешавад. Ба муқобили зангзанӣ, гарда ва дигар касалиҳо аз фундазол 50% х. т.-0,5-0,6 кг/га, Байлетон 25% х. т.- 0,5-1 кг/га истифода мебаранд. Дар вақти бо тракторҳо пошидани заҳрдоруҳо 300-400 л/га ва бо самолёт 100-150 л/га маҳлули корӣ сарф мешавад.
Моддаҳои кимёвӣ бо назардошти ҳолати фитосанитарии киштзорҳо ҳатман паи ҳам истифода бурда мешаванд. Минбаъд дар муборизаи зидди ҳашаротҳо ва касалиҳо аз усули биологӣ истифода бурдан муфид аст.
Зеро ин усул нмконият медиҳад, ки дастовардҳои биотехнологӣ ва заҳрдоруҳои биологӣ васеъ истифода бурда шаванд. Масалан, дар Итолиё барои нест кардани касалии пусиши решаи ғаллагиҳо биозаҳрдоруи трикотилро баровардаанд, ки барон ба даст овардани маҳсулоти тозаи биологӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.
Барои хам зада нахобидани гандум аз моддаи ба танзимдароварандаи сабзиш-ТУР (хлорхолинхлорид) аз ҳисоби 4-6 л/га. (м. т.), ки дар 400-500 л. об маҳлул карда шудааст, истифода мебаранд. Коркард дар давраи саршавии найчабандӣ гузаронида мешавад. Ин модда пояро кўтоҳ карда, растаниро устувору хобнорав мекунад.

пешина
аз 314
навбатӣ