Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Навъи мнёнапазаки думавсима буда, дар шароити ҷумҳурӣ зимистонгузаронияш хуб аст ва ба хушкӣ тобоварияш баланд мебошад. Нисбати хобравӣ устувориаш 4-5 хол (балл) аст. Навъи мазкур дар шароити муқаррари ба касалии зангзании зард ва бўр миёна, ба сиёҳак суст гирифтор мешавад. Шаффофнокии миёнааш 91,8-94,7%, протеин 15,2% клейковинааш (ширешак) 33,5%, намуди зоҳирии нонаш 3,1 ва ковокиаш 3,2-3,8 хол буда, сифатнокии нонаш қаноатбахш аст.
Ватан - аз наъви гандуми сахт мебошад. Вазни 1000 донааш 47 г. буда, ба хушкӣ тобовар аст. Хобнорав буда, ба касалии зангзанӣ кам гирифтор мешавад. Шаффофияш баланд - 98% аст ва дар донаш 17,1% протеин (ширешак) дорад. Ба хели намуди леукурум тааллуқ дорад.
Шарора - навъи гандуми мулоим буда дар иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Зироатчигӣ» бо усули интихоби фардӣ аз намунаҳои Пажўҳишгоҳи умумииттифоқии растанипарварӣ (ВИР) бароварда шудааст. Ба хели намуди Албидум мансуб аст. Хўшаю донаш сафед буда, пулакчаҳояш бемўяканд. Ин навъ соли 1995 дар ҷумҳурӣ иоҳиябандӣ кунонида шудааст. Дар заминҳоӣ обию лалмии ҳамаи минтақаҳо, ғаӣр аз ВМБК парвариш карда мешавад. Муаллифони навъи «Шарора»
Л.Карамхудоев ва А. Ф. Лашкарева мебошанд. Мувофиқи маълумотҳои озмуни навъсанҷи (1986 - 1990) «Шарора» нисбат ба навъи стандартӣ аз дар як гектар 13,1 сентнер ё худ 23,4% зиёд ҳосил додааст. Дар заминҳои оби ҳосили он аз ҳар гектар то 60-70 сентнер, лалмӣ 45-50 сентнер мерасад. «Шарора» навъи баҳории биологӣ бошад ҳам, дар шароити Тоҷикистон ҳамчун навъи дуфасла истифода бурда мешавад. Ин навъро баҳору тирамоҳ коштан мумкин аст. Ҳосилнокии кишти тирамоҳӣ нисбат ба баҳорӣ 25-28% зиёд аст. «Шарора» зимистонро нағз аз cap меғузаронад, ба хушки тобовар буда, донаш пош намехўрад ва ба касалиҳои замбуруғӣ сироятнопазир аст. Баландин пояаш дар заминҳои лалмӣ ба 90-110 см, дар заминҳои обӣ ба 110-120 см баробар буда, хобнорав аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё