Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Усули шадид татбиқи навъҳои нави пурмаҳсули баландҳосил ва аз хобидан эмину ба касалиҳо, зарари ҳашаротҳо тобовар ва дони хушсифатдорро талаб мекунад.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъҳои зерини гандум ноҳиябандӣ карда шудаанд: аз гандумҳои мулоим - Сете Серрос-66, Наврўз, Эритроспермум-401, Ҷагер, Сафедаки маҳаллӣ, Бобило ва аз гандумҳои сахт – Ватан, Шамъ.
Сете-Серрос-66 - навъи поякўтоҳу шадид, миёнапаз буда, тирамоҳ ва баҳор кошта мешавад. Навъи биологии баҳорӣ, қадпасту хобнорав буда, чандон тоби хушкӣ ва хунукӣ надорад. Вазни (массаи) 1000 донаш 37,6- 42,2 г. аст. Дар солҳои сербориш ба каслии зангзанӣ (ржавчина) гирифтор мешавад. Ба хели намуди Эритролеукон мансуб аст.
Наврўз - навъи шадид, миёнапаз, хобнорав аст. Ба зи-мистонгузаронӣ нинсбат ба навъи Сете-Серрос-66 тобовартар мебошад. Ба касалии зангзанӣ кам гирифтор шуда, ба сиёҳаки сахт (твердая головня) ба таври миёна гнрифтор мегардад. Ба хели намуди Эритроспермум мансуб аст.
Сафедаки маҳаллӣ - дар шароити ВМБК мутобиқ кунонда шудааст.
Хели намудаш Грекум мебошад. Навъи биологии баҳорист, лекин дар тирамоҳ ҳам кошта мешавад, яъне он гандуми дуфасла (двуручка) аст.
Донаш сафеду оҳардор буда, вазни 1000 донаш ба 47,2 г. баробар мебошад. Аз пошхурии дон устувор буда, ба хобидан нимустувор аст. Шаффофияш 70% буда, дар таркиби донаш 16,5% протеин ва 41,2% оҳар дорад.
Эритроспермум-401 - дар Институти илмӣ-тадқиқотии «Ғалла»-и Узбекистон бо роҳи интихоби бисёркарата аз комбинатсияи дурагаи Сурхан-5688 Х. Предгорная бароварда шудааст. Гуногуннамудиаш Эритроспермум мебошад. Дар ҷумҳурии мо аз соли 1986 кишт мешавад. Ин навъ дар заминҳои лалмии минтақаҳои иқлимии ҷумҳурӣ (ғайр аз ВМБК) кишт мешавад. Хўшааш камоншакл, дарозӣ ва зичиаш миёна буда, донаш тухмшакли нисбатан калон аст. Вазни 1000 донааш 40-48 г.
мебошад. Давраи нашъунамояш 126-131 рўз буда, ҳосили миёнаи донаш дар китъаҳои навъсанҷии лалмӣ 2,2 тонна/га мебошад.

пешина
аз 314
навбатӣ