Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Тухмии зироатҳои ғалладонагии тирамоҳиро чуқуртар кишт мекунанд. Кишти нисбатан чуқури тухмиҳо бояд дар хокҳои сабук, кишти такрори дар фасли тобистон, вақте ки нами минтақаи ҷойгирии тухмӣ тезтар бухор мешавад ва сабзиши онҳо душвор мегардад, гузаронида мешавад.
Дар мавриди кишти сатҳии тухмиҳо берун аз доираи чуқурии тавсиядодашуда системаи решагии растаниҳо бад инкишоф меёбад, растаниҳо хоб мераванд. Устувории онҳо нисбат ба сармо паст мегардад.
Дар мавриди аз ҳад зиёд чуқур кишт кардани тухмиҳо, бахусус дар хоки намнок бо таркиби вазнини механики онҳо мепўсанд, сабзида баромадани майсаҳо аз сабаби муқовимати хок душвор мегардад, киштзори сирак мегардад ҳосилнокӣ паст меравад. Аз инҷо чунин бармеояд, ки тухмиҳоро дар хок бо назардошти хусусияти ҳар як зироат, андоза ва сифати тухмиҳо ба чуқурии мусоид кишт намудан зарур аст.
Тавре, ки аз гуфтаҳои боло бармеояд, барои ба даст овардани ҳосили ба нақшагирифтаи зироатҳо ба сифати баланди маҳсулот, талаботи қонунҳои барзгарӣ, шароитҳои хоки иқлими минтақавӣ хусусиятҳои биологии зироатҳо, навъҳо, тадбирҳои агрономӣ, ки дастрасии ҳамаи омилҳои ҳаётиро барои растаниҳо дар андозаҳи мусоид таъмин менамоянд, баланд бардоштани шидатнокии истифода гаштани РФФ аз ҷониби растаниҳо ва маҳсулнокии онҳо бояд ба назар гирифта шаванд.
. Ба таври иловаги гардолудкунии сунъии зироатхо. Таъсири зиёд расондани гардолудкунии сунъӣ ба сифати киштбобӣ ва ҳосили тухмиҳо дар корҳои илмии муаллифони бешумор қайд мегардад. Гардолудкунии иловагии сунъӣ дар киштзорҳои аз гул ба гул гардолудшаванда (юнучқа, ҷавдор, ҷуворимакка, ҷуворӣ, офтобпараст ва ғ) аҳамияти муҳим дорад.

пешина
аз 314
навбатӣ