Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар ҳамаи мавридҳо кишт бояд дар мўҳлатҳои мусоиди муққарраргардида, дар хоки бахўби коркардшуда бояд гузаронида шавад, ин аз ҷониби растаниҳо самарабахшона истифода бурдани омилҳои табииро таъмин менамояд, барои сабзишу инкишофи онҳо ва ташаккули ҳосили баланд шароит фароҳом меорад.
УСУЛҲОИ КИШТИ ЗИРОАТҲО. Тарзҳои кишт яке аз унсурҳои муҳуми технологияи парварошо зироатҳо ба ҳисоб меравад, ки ба сабзишу инкишоф ва ҳосилнокии онҳо таъсири зиёд мерасанд.
Тарзҳои кишт аз зироат, навъ андоза ва баргнокии растаниҳо, талобот ба гармӣ, рўшноӣ, моддаҳои ғизоӣ, ва майлнокии навъ ба хобравӣ ва амсоли инҳо вобастагӣ дорад.
Аз рўи тарзҳои кишт зироатҳо ба кишти яклухт, қатории муқарарӣ, васеъҷуяк, ки дар давраи нашъунамояшон коркард мешаванд тақсим мегарданд Ба зироатҳои кишташон яклухт зироатҳои ғалладонагии гурўҳи якум, ҳамчунин шолӣ, наск, зағир, юнучқа ва амсоли ин таалуқ доранд.
Ин зироатҳо бештар ба тарзи қатории муқарари байниқаторҳо 15 см, бо истифодаи тухмпошаки СЗ -3,6 барои зироатҳои ғалладонагӣ, тухмпошаки С3Т-6, барои зироатҳои ғалладонагию алафи кишт карда мешаванд. Ҳамчунин кишти онҳо ба тарзи қатории камбарҷўяк байни қаторҳо 7,5 см, ҳамчунин ба усули қадубар гузаронда мешавад.
Дар мавриди тарзи кишти қаторҳояш танг (камбарҷўяк) майдони ғизоии ҳар як растанӣ бо квадрат наздик шуда, растаниҳо дар муқоиса бо тарзи қатории муқарарӣ, нисбатан баробар тақсим мегарданд, ки ин ба беҳтаргардии сабзишу иникшоф, баланд рафтани ҳосилнокии гандуму ҷавро ба миқдори 8-10 фоиз мусоидат мекунад.
Шароити мусоид барои растаниҳо кишти саросарӣ, дар мавриди кишт намудани онҳо бо усули чиликӣ (яклухт), дар ду самт муҳайё мегардад. Дар ин маврид майдони мусоиди ғизоӣ масофаи якхела байни қаторҳо ва байни растаниҳо дар қатор фароҳам оварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё