Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аксарияти навъҳои тамоку баъди 70-80 рўзи дар майдонҳои кушод шинонидан гул мекунанд.
НАВЪҲО. Тамоку аз рўи хел ба гурўҳҳои папиросию сиrapeтбоб ҷудо мешавад. Гурўҳи папиросбоб ба навъҳои Шарқию Амрикоӣ тақсим мешавад. Дар ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ навъҳои Шарқии тамоку паҳн шудаанд.
Навъҳои Шарқии тамоку аз рўи сифат ба хушбўй (ба ашёи хом камтар илова карда мешаванд) ва асосӣ (қисми асосии ашёро ташкилкунанда) ҷудо мешаванд.
Дар Тоҷикистон асосан навъи «Дюбеки Қиргизии 0З-4-15 (2898)»
ноҳиябандӣ шуда, соли 1995 навъи «Узгении-12» барои ноҳиябандӣ тавсия шудааст.
ДЮБЕКИ ҚИРҒИЗИИ 0З-4-15 (2898). Ин навъ дар стансияи таҷрибагузарони минтақавии дар шаҳри Фрунзе будаи Пажўҳишгоҳи умумироссиягии тамоку бо роҳи дурагакунии навъҳои «Нугтез-45» ва «Дюбек-2621» рўёнида шудааст. Муаллифи он К.Ф.Качан буда, дар соли 1956 ноҳиябандӣ карда шудааст. Ин навъ растании қадбаланди (то 2 м) силиндршакл буда, баргҳои овеза дошта, тўдагулаш лўндашакл мебошад. Ҳамагӣ 33-38 барг дошта бошад ҳам, 29-31-тоашро ҷамъ меоваранд.
Дар 1 га қариб 110 ҳазор ниҳол мешинонанд. Ин навъ ба касалиҳои мозакаи тамоку (бо номи русӣ) ва гард устувор аст. Давраи аз шинонидани ниҳолҳо (кўчатҳо) то гулкунӣ 78-80 рўз ва аз шинонидан то пухта расидани баргҳо-133-147 рўз давом мекунад. Паттаҳояш (пасынкипасынкование) суст инкишоф мекунанд. Дар вақти 25-30 фоиз гул кардани растаниҳо нуқтаи сабзиш-ду барг ва тўдагули онҳоро канда партофтан (верш-кование) тавсия мешавад. Баргҳояш баъди хушконидан зард мешавад ва ашёи хушбўй аст. Аз ҳар гектари он 33,2-40,7 с ҳосил гирифтан мумкин аст.
УСУЛИ ПАРВАРИШ. Бо мақсади тезонидани инкишофи растаниҳо ва пухта расидани баргҳо тамоку бо усули кўчатшинонӣ парвариш карда мешавад. Тухми он, ки бисёр хурд аст, бевосита онро дар майдонҳои кушод коштан имконият намедиҳад, ки майсазори бутун ва зичии дилхоҳи ниҳолҳо ба даст дароварда шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ