Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Анҷибар аз касалиҳои пўсиши реша ва вилт бештар зарар мебинад.
Дар муборизаи зидди ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ, касалиҳо, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи агротехникӣ, ҷойгир кардани анҷибар дар киштгардонҳо пас аз пешинакиштҳои беҳтарин, коркарди хушсифати хок, мубориза бар зидди алафҳои бегона ва татбиқи навъҳои ба касалиҳо ва ҳашаротҳои зарарнок тобовар аҳамияти калон доранд.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Анҷибар дар Тоҷикистон бештар пай дар пай 2-3 маротиба (моҳҳои августу-октябр) то фарорасии сармоҳои тирамоҳӣ ғундошта мешавад. Бори аввал анҷибар дар моҳи август ҷамъоварӣ мешавад. Бо мақсади дар оянда ҳосили нағз гирифтан дар буттаҳо 2-3 буғум монда, шохаҳои аввалини поёнии анҷибарро қайчӣ мекунанд.
Дар охир баргу пояи сабзи анҷибар ба воситаи комбайни МГУ-1, ки дар Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Эфиронос» ихтироъ карда шудааст ё ба воситаи мошинаҳои оддии ҳосилғундоранда ҷамъоварӣ мешавад.
Ҳаракати комбайни МГУ-1 -3,5-4 км/соат буда, маҳсулнокиаш бояд 0,2-0,3 га/соат бошад ва ба воситаи трактори МТЗ-80 кашида мешавад.
Дар сурати набудани техникаи ҳосилғундор анҷибар ба тарзи дастӣ ба воситаи асбобҳои тез бурида мешавад. Бо мақсади кам исроф шудани равғани эфири тезбухоршавандаи анҷибар, баргу пояи сабзи он саҳари барвақт то баромадан ва бегоҳӣ баъди нишастани офтоб ҷамъоварӣ мешавад. Баргу пояи сабзи ҷамъовардашуда дарҳол ба корхонаҳо барои коркард фиристода мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ