Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

КОРКАРДИ ХОК. Шудгори дар чуқурии 30-35 см гузаронидашудаи босифати тирамоҳӣ (20-25 ноябр) имконият медиҳад, ки растаниҳои анҷибар нағз сабзида инкишоф ёбанд ва ҳосили баланд диҳанд. Дар баҳор пеш аз шинондани ниҳолҳо дар майдонҳои шудгоршуда ба воситаи сихмола ё нармкунак дар чуқурии 12-14 см коркард мегузаронанд.
Дар хокҳои ниҳоят сахтшуда, ба ҷои онҳо дар чуқурии 20-22 см аз нав бо испор шудгор мегузаронанд. Баъд аз коркардҳои баҳории пешазкиштӣ ба шинондани нихолҳои анҷибар cap мекунанд.
НУРИҲО. Анҷибар ба моддаҳои ғизоии пурраи минералӣ эҳтиёҷ дорад.
Меъёри нуриҳо бо роҳи ҳисобӣ, бо назардошти ҳосилхезии хок, зироати пешинакишт ва ҳосилнокии тарҳрезишуда муайян карда мешавад.
Барои 1 тонна баргу пояи сабз додан анҷибар аз хок 3-4 кг нитроген, 1,2-2 кг фосфор ва 8-9 кг калийро ҷабида мегирад.
Стансияи минтақавии таҷрибавии зироатҳои эфиру равғандор барои парвариши анҷибар меъёрҳои зернни нуриҳои минералиро тавсия мекунад: N240 Р 100 К 100.
Дар собиқ хоҷагии «Эфиронос»-и ноҳияи Турсунзода селитраи аммиак, карбонидро аз ҳисоби 180-200 кг/га моддаи таъсиркунанда, суперфосфат аз ҳисоби 140 кг/га моддаи таъсиркунанда ва 60 кг/га намаки калий истифода бурда мешавад.
Пеш аз шудгори тирамоҳӣ ба майдонҳо 15-20 т/га пору, меъёри солонаи калий ва 50 фоиз фосфор пошида мешавад. Қисми боқимондаи меъёри солонаи фосфор (50 фоиз) ва нуриҳои нитрогенӣ дар вақти ғизодиҳӣ ба хок пошида мешаванд. Баргу пояи боқимондаи анҷибарро баъди коркард дар завод бо пору омехта карда (компост) истифода бурдан мумкин аст. Аммо дар ҳолати холисӣ, боқимондаҳои тару тозаи онҳо ба анҷибар таъсири зараровар мерасонанд, зеро дар таркибашон моддаҳои даббоғӣ (дубильные вещества) доранд.

пешина
аз 314
навбатӣ