Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Пахта-40,2 0,385 156,1 стандарт 57,15 8,15 1,09
ободӣ
Регар 42,2 0,475 203,2 + 47,1 57,47 6,90 2,07
(132-
К1)

Аз маълумотҳои ҷадвали 17 маълум мешавад, ки навъи Регар нисбат ба навъи Гулобӣ баргу пояи сабз кам диҳад ҳам, аммо аз рўи ҷамъоварии равғани эфир (87,1 кг/га) ва қисми таркиби он ситронинол аз он бартарӣ дорад. Инчунин дар таркиби анҷибари Регар (132-К1) кам будани ментол аз хушсифатии он гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин тариқ, ин навъ метаво-над дар ҳар 1 гектар даромаднокии анҷибарро афзун намояд.
ТАЙЁР КАРДАНИ ҚАЛАМЧАҲО. Дар Тоҷикистон анҷибар ба воситаи қаламчаҳое, ки дар гармхонаҳо парвариш мекунанд, зиёд карда мешавад. Дар водии Вахш, ки зимистонаш гарм аст, ба гарм кардани гармхонаҳо эҳтиёҷ намемонад. Парвариши қаламчаҳо дар гармхонаҳои якрўя низ мумкин аст.
Дар гармхона истифодабарии хоки юнучқазор, ки бештар сохтдор буда, аз моддаҳои ғизоӣ бой аст, муфид мебошад. Дар гармхона қабати хокро ба 15-20 см расонда, аз болояш ба андозаи 4-5 см рег мерезанд.
Ҳосили анҷибар бештар ба сифати қаламча вобаста аст. Ҳодисаи инқирозӣ (вырождения) қаламча мушоҳида карда мешавад, ки он миқдори равғани баргу пояро кам мекунад.
Қаламчагирӣ аз моҳи сентябр то 10-15 октябр давом мекунад.
Қаламчаҳо аз буттаҳои беҳтарину солимтарин ва серҳосилтарини пояҳояш пухтагию кўтоҳбуғум гирифта мешаванд. Қаламчаҳо дар он ҷое, ки нури офтоб намерасад, тайёр карда мешаванд. Навдаҳои қаламчашавро дарҳол ба ҷои қаламчабурӣ мебаранд.
Қаламчаро дар ҷои соя бо корди тез ба андозаи 8-12 см мебуранд ва он бояд 4-5 буғум дошта бошад. Дар нўги болоии қаламча ду барги нопухтаро боқӣ мемонанд. Қаламчаҳои тайёрро дарҳол ба сабатҳо ҷойгир карда, ба ҷойҳои шинондан мефиристанд. Баъди 3-4 соат қаламчаҳои тайёрро дарҳол дар чуқурии 5-6 см зери хоки гармхонаҳо дастӣ мешинонанд. Дар як метри мураббаъ бояд 450-500 қаламча нишонда шавад. Як рўз пеш аз шинондани қаламчаҳо ба хоки гармхона об пошида, мўътадил намнок мекунанд.

пешина
аз 314
навбатӣ