Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
16.Ҷараёни инкишофи масоҳати майдонҳои кишти
анҷибар дар Тоҷикистон
Солҳо
Масоҳат,га
Анҷибар дар водиҳои Вахшу Ҳисор парвариш шуда, зироати сердаромадтарин аст.
Аҳамияти муҳими анҷибар буд, ки дар ҷумҳурии мо хоҷагиҳои махсуси аннҷибарпарварӣ (хоҷагии «Эфиронос»-и ноҳияи Турсунзода ва «Герань»-и ноҳияи Қумсангир) ташкил карда шудаанд.
Аз ҷадвали 13 дида мешавад, ки дар тўли солҳои 1991-1996 аз, нооромии вазъи сиёсии ҷумҳурӣ масоҳати майдонҳои кишти анҷибар то 162 (аз 1100 га) кам шудаанд. Дар соли 2005 ҳамагӣ дар майдони 4 га парвариш карда шудааст.
Дар оянда бояд масоҳати пештараи майдонҳои кишти анҷибар барқарор ва зиёд карда шаванд. Бо мақсади коркарди маҳсулоти тайёр дар ҷумҳурӣ, бояд фабрикаи атриётбарорӣ сохта шавад.
ҲОСИЛНОКӢ. Дар Тоҷикистон ҳосилнокии миёнаи баргу пояи сабзи анҷибар аз 129 с/га (дар соли 1941) то 231,2 с/га (дар соли 1966) зиёд шудааст. Пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин нишондод то 280-290 с/га расонида шуда буд.
Дар солхои 1950-1960-ум пешқадамони истеҳсолот аз ҳар як гектар 400-500 с ҳосил мегирифтанд.
Бригадаи Долгих Н.Т. аз хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир низоми парвариши анҷибарро риоя ва усулҳои пешкадамонро татбик намуда, аз масоҳати 60 га ҳосили рекордии баргу пояи сабз (524 сентнерӣ) гирифтааст.
Барои нишондодҳои баланд, (30-35 юг/га равгани эфир) ба Сафаров Ҳабиб аз хоҷагии «Герань» унвони Қаҳрамони меҳнати сосиалистӣ дода шудааст. Дар Арманистон усули парвариши анҷибар дар гидропоника имконият дод, ки аз ҳар гектар 100 тонна баргу пояи сабз гирифта шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо