Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъи Тошкентии-122 парвариш карда мешавад. Ин навъ дар стансияи таҷрибавии Осиёи Миёнагии Институти умумииттифоқии растанипарварӣ (ВИР) бо роҳи интихоби инфиродӣ аз намунаҳои маҳаллии кунҷити вилояти Қашқадарёи Ўзбекистон рўёнида шудааст. Ин навъ ба намуди осиёгӣ, зернамуди Булгаре Хилт ва экотипи бухороӣ мансуб аст. Ниҳолаш нисбатан қадбаланди сершоха мебошад.
Баландии пояаш дар заминҳои лалмӣ 70-90 см ва дар заминҳои обӣ то ба 130 см мерасад. Баргаш яклухти камбарг буда, канори баргҳояш бутун ё каме дандонадор аст. Дар бағали барг яктоӣ гул ҷойгир аст, ки гулобию бунафшранганд. Тоҷгулаш ниҳоят сермўяк аст. Кўсакҳояш (донаҷой) сабзи равшан буда, деворҳои қалбакии нағз инкишоф ёфтаи чорхонагӣ дорад. Тухмаш қаҳваранг аст. Вазни 1000 дона тухмаш аз 2,5 то 3,5 гр буда, миёнапаз аст ва дар таркибаш 58-фоиз равған дорад. Даврак нашъунамояш дар заминҳои лалмӣ 90-100 ва дар заминҳои обӣ-НО-20 рўз давом карда, ба касалии фузариоз тобовар нест.
Яке аз сабабҳои камҳосилии кунҷит он аст, ки дар истеҳсолот навъҳои баландҳосил надорад. Рўёнидани навъҳои баландҳосил, тезпазак, донашон пошнахўранда ва ба касалии фузариоз тобовар вазифаи рўзмарраи (актуалии) тухмипарварон аст.
ТАСНИФОТИ КУНҶИТ. Кунҷит бо гуногунии шаклҳои ботаникиаш фарқ мекунад.
Мувофиқи таснифи В.М Гильтербрант бо назардошти аломатҳои морфологӣ, минтакаҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологӣ намуди кошташавандаи кунҷит, Сезамум Индикум аст, ки ба ду зернамуд тақсим мешавад:

  1. Кўсакҳои (донаҷои) зернамуди якум аз ду мевабарг иборат буда, гардгираки ғўрааш дупаррагӣ аст.
  2. Кўсакҳои зернамуди дуюм аз чор мевабарг иборат буда, дар буриши кундалангӣ мураббаъшакланд ва гардгиракаш чорпаррагӣ аст.
пешина
аз 314
навбатӣ