Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Нигоҳубинин қатрабони солҳои дуюм ва сеюм шабеҳи юнучқазор аст.
Ин амал аз сихмолакунӣ ё чизелкунии аввали баҳорӣ, ба ҳар гектар пештар андохтани 2-2,5 с суперфосфат ва баъди дарав сихмола кардан иборат аст.
Ба муқобили ҳашаротҳои зараррасон-бинидарозак, кана, ширинча ва ғайраҳо заҳрдорўи ангелик, 50 фоиз э. к. (1,5 л/га) истифода бурда мешавад. Бар зидди канаҳо, ширинчаҳо, трипсҳо, кирмҳои ғўза дар киштҳои тухмӣ ба воситаи заҳрдоруи карбофос, 50 фоиз з. к.- 0,2-0,6 л/га коркард гузаронида мешавад.
Ба киштҳои қатраборон - гард, зангзанӣ, фузориоз барин касалиҳо зарароваранд. Усулҳои асосии муборизаи агротехникӣ бар зидди ҳама гуна касалӣ инҳоянд: кишти тухмиҳои солим, навъҳои ба касалиҳо тобовар, ҷойгиркунии қатраборон дар киштгардон, нест кардани пояҳои даравидашуда ва ғайраҳо.
Агар тамоми узвҳои рўизаминии қатраборон ба касалии гарда гирифтор шуда бошанд, киштзор ба воситаи сулфур бояд коркард шавад. Байни қаторҳои киштҳои тухмии қатраборон дар давраи нашъунамо 2-3 маротиба ба воситаи нарм-кунакҳо дар чуқурии 8-10 см нарм карда мешаванд. Барои гардолушавии сунъии киштҳои барои гирифтани тухмӣ ҷудошуда гузоштани қуттиҳои замбўри асал дар давраи гулкунӣ хеле муфид аст. Надаравидани ҳосили аввали қатраборони солҳои 2 ва 3 барои тухмӣ тавсия мешавад.
ҒУНУЧИН. Баргу пояи қатраборон дар давраи гулкунӣ гулдошта мешавад. Дар ин давра таркиби он аз протеин бой шуда, бедааш мулоим мешавад. Тухмаш, ки дар як вақт саросар пухта намерасад, бояд дар давраи 50-60 фоизи ғилофакҳо хокистарранг (сиёҳчатоб) шудан, бо усули дудаврагӣ ғундошта шавад. Дар сурати истифодаи усули якдаврагӣ бояд
70 фоиз ғилофакҳо хокистарранг шуда бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо