Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар як сол аз заминҳои обӣ гирифтани ду ҳосилн донро таҷрибаҳои пешқадами истеҳсолот ва натиҷаҳои бисёрсолаи илмии кафедраи растанипарварии ДАТ, ки дар шароитҳои манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ гузаронида шуда-анд тасдиқ мекунанд. Дар водии Ҳисор бори якум ду ҳосили дон дар соли 1956 (Косимов Ҷ. Қ., Холматов А.X., 1957), дар шароити шимоли Тоҷикистон Ҷ.Қ.Қосимов, А.Каримов (1970), вилояти Кўлоб бо роҳбарии профессор Қосимов Ҷ.Қ.; Ким П. Г.
(1979) ба даст оварда шудааст. Минбаъд М. Марзовалиев (1982) дар водии Ҳисор низ чунин татқиқотҳо гузаронидааст. Дар тўли солҳои 1985— 1990 кормандони кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар водиҳои Ҳисору Вахш як силсила татқиқотҳои илмӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо масъалаҳои гирифтани ду ҳосили дони тарҳрезишуда омўхта шудааст. Асос ва мақсади ин таҷрибаҳоро омўзиши меъёрҳои ҳисоби нуриҳои минералӣ ва ҳосили тарҳрезигаштаи зироатҳои ғалладонагии тирамоҳӣ (аз қабили гандум, ҷав, ҷавдор, тритикале) ва ҷуворимакка, лубиёи чинӣ (соя), моше, ки баъди онҳо барои гирифтани ҳосили дони дуюм кошта мешаванд, ташкил медиҳад.
Зироатҳои ғалладонагии хўшадор - гандум, ҷав, тритикале асосан дар моҳи ноябр баъди ғунучини ҳосили пахта кошта мешаванд. Онҳоро баъди зироатҳои сабзавотӣ, ҷуворимакка, ҷувори дар моҳи октябр низ коштан мумкин аст. Кишти нисбатан барвақтии зироатҳои ғалладонагӣ дар тирамоҳ имконият медиҳад, ки замин саросар бо майсаи барвақтии пурқувват пўшонда шавад. Растанҳо дар ин сурат имконият пайдо мекунанд, ки то фарорасии фасли зимистон решаи инкишофёфта дошта, миқдори зарурии қандҳоро захира карда, дар тирамоҳ обутоб ёбанд.
Чунин киштҳо фасли зимистонро нағз гузаронда метавонанд. Барои гирифтани ду ҳосили дон дар шароити вилоятн Суғд фасли тирамоҳ коштани ҷав ба мақсад мувофиқ аст. Зеро ҷав нисбатан тезпаз аст.
Ҳосили дони ҷав 15- 20-июн пухта мерасад, ки ин нисбат ба гандуму тритикале 10-12 рўз барвақтар буда, барои пурра пухта расидани дони зироатҳои паскишт-ба монанди дурагаи ҷуворимаккаи ВИР-42МВ, мош, лубиёи чинӣ ва ғайраҳо аҳамияти калони истеҳсолӣ дорад.

пешина
аз 314
навбатӣ