Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Намнокии хок дар давраи гулкунии юнучқа бояд 76-80 ва дар давраи пазиши тухмиҳо - 65 фоиз аз НК бошад. Камшавии намии хок боиси афтидани ғунча, гул ва камшавии ҳосил мегардад. Намии зиёд ҳам боиси аз ҳад беш сабзидан, пайдоиши пояҳои нав ва пастшавии ҳосилнокӣ мегардад.
Барои камшавии талафоти ҳосили тухмиҳо, нашикастани ғилофакҳо аз гармии ҳаво, 3-4 рўз пеш аз ғунучини ҳосил ба юнучқазорҳои тухмӣ бо меъёри 500-600 м3/га об мемонанд, то ки микроиқлими намнок пайдо шавад.
Юнучқазори тухмӣ бояд аз алафҳои бегона тоза бошад. Алафҳои бегона ба воситаи заҳрдоруҳо ва хишоваи дастӣ нест карда мешавад. Бар зидди ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзӣ ва касалиҳо бояд сари вақт мубориза бурд. Дар муборизаи зидди ҳашаротҳо аз заҳрдоруҳои биологӣ -эндобактерин, трихограммаҳо, ки барои ҳашаротҳои гардолудкунанда безараранд, истифода бурдан беҳтар аст.
Дар зиёд кардани хосилнокии юнучқаи тухмӣ ва баланд бардоштани сифати он гузаронидани гардолудкунии сунъии иловагӣ яке аз чорабиниҳои зарурист. Бо ин мақсад ҳашаротҳои гардолудкунандазамбурҳои ёбоӣ, замбури барг-бур ва усули ҷалбкунии замбурҳо (2-3 оила дар 1 гектар дар давраи пурра гулкунии юнучқазор) истифода бурда мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Тухми юнучқа саросар пухта намерасад. Аз ин рў ба ғунучини ҳосил бо усули дудаврагӣ ҳангоми 70-75 фоизи ғилофакҳо хокистарранг ё сиёҳчатоб шудан оғоз мекунанд. Бо усули якбора ғунучин кардани тухмиҳо дар давраи 90 фоиз сиёҳчатоб шудани ғилофакҳояш ба воситаи комбайни СК-5 ва бо олоти иловагии ПСТ-10 (барои молиш додани ғилофакҳо) cap мекунанд.
Ба ғунучини ҳосил ба мақсади кам кардани талафот аз пошхурии тухмиҳо субҳидам cap кардан беҳтар аст. Ҳангоми куфтан бояд устувонаи олоти кўбанда дар як дақиқа 1600-1700 маротиба давр занад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо