Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Хокистари ҳезум ва саргини паррандагон барои картошка нурии беҳтарин мебошад.
Нуриҳои нитрогениро бо меъёри 30-35 кг/га вақти шинондан ва боқимондаашонро дар ду ғизодиҳӣ (60-70 кг/га) ҳангоми пайдоиши сабзаҳо ва гулкунӣ меандозанд. 60-70 фоизи меъёри солонаи нуриҳои фосфорӣ ва калийгиро дар вақти шудгори тирамоҳӣ (беҳтараш ба пору омехта) ва қисми боқимондаашро бошад, ҳангоми ғизодиҳӣ мепошанд. Барои ғизодиҳӣ поруҳои моеъро бо меъёри 8-10 т/га бо 4-5 ҳиссаи об омехта карда, истифода мебаранд. Барои кишти картошкаи тобистона дар зери зироати пешинакишт пору андохта мешавад.
Истифодаи нуриҳои сабз (сидерат), микронуриҳо - мис, марганес ва ғайраҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ самараноканд.
ШИНОНИДАНИ КАРТОШКА. Ҳосилнокии картошка ба сифати тухмии он вобаста аст. Ба тухмии картошка талаботҳои муайян пешкаш карда мешавад. Дар Россия тухмии картошка аз рўи сифаташ бояд ба талаботи стандарти давлатӣ (ГОСТ-7001-89) ҷавоб диҳад. Лўндаҳои барои тухмӣ тавсияшуда бояд дар қитьаҳои беҳтарин ба дараҷаи баланди агротехникӣ парвариш карда шаванд.
Барои шинондани картошкаи бармаҳал дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон тухмиеро истифода бурдан лозим аст, ки аз ноҳияҳои кўҳӣ оварда ё тобистон кошта шуда бошанд. Ин гуна лўндаҳои картошка ба касалии инқироз дучор нашуда, серҳосил мебошанд.
Дар ноҳияҳои водигӣ барои кишти тобистонӣ картошкаи нав ҷамъовардашудаи навъҳои давраи оромиашон кўтоҳро истифода бурдан мумкин аст.
Картошкаи (лўндаҳои) тухмиро бодиққат ба навъҳо ҷудо бояд кард. Лўндаҳои солим, безахм ва андозаи миёна доштаро (60-80 г) интихоб карда гирифтан лозим аст. Шинондани картошкаҳои лўндаҳояшон ҳамвор баробар инкишоф кардани растанӣ ва дар як вақт пухта расидани ҳосилро таъмин мекунад. Барои ба навъҳо ҷудо кардани лўндаҳои картошка мошинаҳои ба навъ ҷудокунандаи тамғаи КСП-15,5, КСП-25 истифода бурда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё