Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзўъ: КАРТОШКА (6 соат)
Аҳамият, паҳншавӣ ва ҳосилнокӣ. Минтақаҳои асосӣ картошкапарварӣ дар Тоҷикистон. Хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Технологияи шадиди парвариши картошка.
Картошка зироати ҳаматарафа истифодашаванда аст, лўндаҳои он 20- 23% оҳар, то 2% протеини хом ва витаминҳои пурқиммати гурўҳҳои С ва В-ро дорост.
Лаззати баланди таъмаш онро яке аз озуқаҳои муҳимтарин гардонидааст. Аз ҳамин сабаб онро «нони дуюм» ҳам меноманд. Картошка барои истеҳсоли оҳар, спирт, мураббо ва дигар маҳсулотҳо ашёи хоми пурқиммат мебошад. Аз як тонна лўндаҳои картошка то 180-200 кг оҳар ва 110-115 л спирт мегиранд. Оҳар дар саноати озуқаворӣ, бофандагӣ, гўгирдбарорӣ ва ғайра истифода бурда мешавад.
Картошка барои чорво низ аҳамияти калони хўрокӣ дошта, як сентнер баргу пояи сабзаш 9,0 воҳиди хўрокӣ ва 20 гр протеин дорад. Онро дар намуди силос ҳам ба кор мебаранд. Маҳсулотb иловагии коркарди саноатии картошка-дурда (пасмондаҳои истеҳсоли спирт) ва тилф (пасмондаҳои истеҳсоли оҳару мураббо) низ чун хўрокаи бебаҳои чорво истифода бурда мешавад.
Картошка зироати муқаррарии байни қаторҳояш коркардашавандае аст, ки майдонҳоро аз алафҳои бегона тоза карда, барои зироатҳои баҳорию-тирамоҳии ғалладонагӣ ва дигар зироатҳо пешинакишти хуб аст. Масоҳати ҷаҳонии кишти картошка қариб 20 млн гектарро ташкил медиҳад. Масоҳати бештари майдони кишти он дар ИМА, Чин (Хитой), Олмон, Чехословакия, Лаҳистон (Полша) ва дигар мамлакатҳо ҷойгир шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё