Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Сафолакро баъди боришот ба воситаи чархмолаи ротасионӣ ё сихмолаҳои сабук дар самти кундалангии кишт мешикананд. Зичии ниҳолҳои заминҳои обӣ бояд дар ҳар як гектар 50-100 ва дар заминҳои лалмӣ 50-60 ҳазор бех бошад. Ягонакунии майсаҳо бо коркарди байни қаторӣ, ки дар чуқурии 5-6 см гузаронида мешавад, мувофиқат мекунад.
Дар баробари пайдошавии ҷуфти сеюми баргҳо нармкунии байниқатории дуюм дар чуқурии 8-10 см бо гузоштани 10-12 см-и минтақаи ҳимоявӣ гузаронида мешавад. Дар як вақт ба замин бо коркарди байни қатори ғизо дода, ҷўякҳои обмонӣ кашида мешавад. То ба ҳам расидани қаторҳо киштзорро 3-4 маротиба нарм мекунанд.
Дар заминҳои обии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳангоми нашъунамо ба лаблабузор 8-10 маротиба (аз рўи меъёри 700-900 м3/га) об мемонанд.
Обмонӣ бо мошинаҳои чакрапош нисбат ба дигар усулҳо (аз рўи нуқтаи назари иқтисодӣ) самараноктар аст. Дар шароити мо ба лаблабузор аксар вакт кирми тирамоҳӣ, карадрин ва канаи лаблабухўр зарар мерасонанд. Бар зидди онҳо бо усулҳои муштарак (интегрирований) ва агротехникӣ мубориза бурда мешавад. Ба муқобили касалии зангзанӣ, ширинча лаблабузорҳо бо заҳрдоруи байлетон 5% х. х,. (3 кг/га) коркард мешаванд. Барои нест кардани ширинча маҳлули 0,5-1 % ИСО-ро низ истифода мебаранд. Барои нест кардани кирми ғўза, гамбусаки дарозбинӣ, кайкҳо заҳрдоруи амбуш истифода мешавад. Ба муқобили гамбусакҳои дарозбинӣ ангеллик 50% э. к. бо меъёри 2 л/га ва дар Қирғизистон барои нест кардани кирми ғўза трихограммаҳоро истифода мебаранд.
Алафҳои бегонаи яксолаи ғаллагиро ба воситаи заҳрдоруи зеллек, 12,5% э. к (ИМА) аз рўи меъёри 1-2 л/га дар айни нашъунамо (дар давраи 2-6 баргагии онҳо) нест мекунанд.
Заҳрдоруи глиаку 36% (2-4 л/га) ба муқобили алафҳои бегонаи яксолаи ғаллагӣ ва дупаллагиҳо ба хок пошида мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Дар минтақаҳои асосии лаблабукорӣ ба ғунучини ҳосили он дар вақти фарорасии пазиши техникии бехмева, вақте ки миқдори зиёди қанд ғун мешавад, cap мекунанд. Ҳосил ба воситаи комбайнҳои лаблабуғундори КС-6, РКС-6 ҷамъ оварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё