Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

МОДДАҲОИ ҒИЗОӢ. Дар ҳаёти растаниҳо ва баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳо нақши нурҳо аҳамияти калонро соҳиб мебошанд.
То 40-50 фоизи ҳосил аз ҳисоби нурӣ ташаккул меёбад.
Ҳангоми парвариши зироатҳо асосан нуриҳои органикӣ ва минералӣ- азотӣ, фосфорӣ ва калийро истифода мебаранд. Вале барои ташаккул ёфтани ҳосили растаниҳо дар як вақт микроэлементҳо эҳтиёҷ доранд, ки онҳоро бо вояи камтарин меандозанд. Ба онҳо оҳан, бор, молибден, рўҳ ва ғайра тааллуқ доранд.
НИТРОГЕН барои ҳаёти растаниҳо аҳамияти калон дорад, вай ба таркиби сафедаи протоплазмаҳо, ядрои яҳуҷайра дихил буда, ба рушди массаи биологии растаниҳо ва узвҳои онҳо мусоидат менамояд.
Норассоии нитроген боиси боз доштани ҷараёнҳои сабзиши инкишофи растанӣ гашта, ҳосили онро паст мекунад.
Барзиёдатии нитроген бошад, боиси рушди пуравҷу зиёд гаштани биомассаи растаниҳо, хобравӣ, халалдор гаштани мубодилаи сафеда ва таносуби оҳар дар дон мегардад. Дар ин маврид инкишофи растаниҳо ва расиши ҳосил, устувории он ба хушкӣ ва хунукӣ паст мегардад.
ФОСФОР- омили муҳимтарини баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҳисоб рафта, инкишофи растаниҳоро метезонад. Таъмин намудани растаниҳо бо фосфор бо меъёри мўътадил инкишофи зироатҳои ғалладонагиро тезонида, ҳосилнокӣ ва сифати онҳоро баланд мебардоранд. Дар бехмедаи лаблабуи қанд мавҷудоти қанд ва дар картошка-оҳар зиёд мегардад.
Ҳангоми нарасидани фосфор ҳосилнокӣ ва ситфати маҳсулот паст мегардад. Масалан, қобилияти сўзиши тамоку бад мегардад, дар ҷуворимакка сабзиши гардгирак ва гардолудшавӣ боз дошта мешавад.
КАЛИЙ -дар фаъолияти ҳаётии растаниҳо, мубодилаи карбогидрат-ҳову сафеда ва баланд гаштани маҳсулнокии зироатҳои парваришёбанда нақши махсусро мебозанд. Калий устувории растаниҳоро дар муқобили хобравӣ, касалиҳо, хунуки баланд бардошта, сифати маҳсулотро беҳтар месозанд. Дар зироатҳои ғалладонагӣ дар мавриди ғизогирии муътадил аз нуриҳои калийдор дони нисбатан барҷаста, бо қобилияти баланди нешзанӣ ва энергияи сабзиш ташаккул меёбад; дар онҳо устуворӣ ба муқобили касалиҳои занбурўғӣ ва бактериали баланд гашта, миқдори қандро дар зироатҳои бехмевагӣ зиёд мегардонад.

пешина
аз 314
навбатӣ