Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳосили боқилоро дар давраи пухта расидани қисми зиёди
ғилофакҳояш ба воситаи комбайнҳои ғалладараве, ки устувонаи
ғаллакубакаш дар як дақиқа 500-600 маротиба чарх мезанад,
меғундоранд.
Мавзўъ : ЛАБЛАБУИ ҚАНД (4 соат)
Аҳамият, паҳншавӣ ва ҳосилнокӣ. Хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Технологияи парвариши лаблабуи қанд.
Лаблабуи қанд яке аз зироатҳои муҳимтарини техникии ҳаматарафа истифодашаванда аст. Бехмеваҳои он барои истеҳсоли қанд ашёи хоми асосӣ мебошад. Дар онҳо то 22- 25% моддахои хушк ва 15-20% қанд ғун мешавад. Аз руи ғизонокӣ бехмеваи лаблабуи қанд нисбат ба лаблабуи хўроки чорво 2 баробар ғизоноктар аст. Дар 100 гр бехмеваи лаблабуи қанд 26 кг воҳиди хўрока ва 1,2 кг протеини ҳазмшаванда ҳаст. Ҳангоми коркарди он дар завод аз лаблабу маҳсулоти иловагии хўроки чорвотилф ва мураббо боқӣ мемонад. 5 кг барги он ба 1 воҳиди хўрока баробар аст ва он 110 гр протеин дорад. 10 кг тилфаш низ ба 1 воҳиди хўрока баробар аст. Як килограмм мураббои он 0,77 воҳиди хўрока ва 45 гр протеини ҳазмшаванда дорад.
Барги лаблабуи қандро дар намуди тару тоза ва силос ба ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ хўронидан мумкин аст. Бехмеваи он ширдиҳии чорворо афзун мекунад. Лаблабуи қандро хукхо ва паррандагон низ бо иштиҳои том истеъмол мекунанд. Вай ҳамчун зироати байни қатораш коркардшаванда (барои дигар зироатҳои хоҷагии қишлоқ пешинакишти хуб аст.
Кишти лаблабуи қанд дар ИМА, Англия, Олмон, Фронса, Италия, Лаҳистон (Полша), Чехия ва Словакия паҳн шудааст. Масоҳати кишти ҷаҳониаш қариб 9 млн. гектар аст.
Дар Россия ва Украина он дар масоҳати калон кишт мешавад. Лаблабуи қандиро дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон низ парвариш мекунанд. Дар Тоҷикистон соли 2005 ин зироат дар майдони 485 гектар кошта шуда буд. Ҳосилнокии миёнааш дар заминҳои обӣ 181,0 с/га-ро ташкил дод.
Шароити иқлимию-хокии аксар минтақаҳои Тоҷикистон барои парвариши лаблабуи қанд мусоидат менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё