Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Растанипарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзи ба шумор меравад. Объекти омўзиши он растаниҳои мадании саҳроманд. Бо туфайли фотосинтез растаниҳои сабз аз моддаҳои ғайриорганикӣ органикиро синтез мекунанд.
Барои дуруст ба роҳ мондани соҳаи растанипарварӣ таҷрибаи кофӣ доштан, мунтазам бой гардонидани донишу малакаи касбӣ, меҳнати суботкоронаи амалӣ намудан ва омўхтани таҷрибаи пешқадами истесолӣ шарт ва зарур аст.
Растанипарварӣ ҳамчун қисми асосии соҳаи кишоварзӣ бояд аҳолиро бо озуқаворӣ, соҳаи чорводориро бо хўрокаҳои гуногун аз саоати маҳаллиро бо ашёи хом таъмин намояд.
Растанипарварӣ ҳамчун фан асосҳои илмии усулҳои шадиди гирифтани ҳосили баланду устувори зироатҳои саҳроиро меомўзонад.
Омўзиши хусусиятҳои сабзишу инкишофи зироатҳо вобаста ба талаботи онҳо ба минтақаи парвариш бо назардошти шароити аниқи хокию-иқлимӣ, омўзиши комёбиҳои илмию-амалӣ ва иҷро намудани чорабиниҳои агротехникӣ барои гирифтани ҳосили дилхоҳи тарҳрезишуда асосҳои биологии растанипарвариро ташкил медиҳанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз бўҳрон баровардани муҷтамеи агросаноати кишвар ва таъминоти озуқаворӣ чораҳои судманд меандешад. Новобаста ба ин то ҳол дар байни талаботу истеҳсоли маводҳои озуқаворӣ тафовути калон мавҷуд аст. Тибқи маълумотҳои оморӣ талаботи миёнаи солона ба ғалла 1,5 милиард тоннаро ташкил медиҳад. Аммо истеҳсоли худи он дар кишвар нисбати он қариб ду маротиба кам аст. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ барномаи махсуси иқтисодию иҷтимоӣ қабул ва татбиқ карда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ оид ба рушди минбаъдаи муҷтамеи агросаноатӣ ва соҳаи асосии он растанипарварӣ чораҳои судманд андешида шудаанд.

пешина
аз 314
навбатӣ