Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Масоҳати кишти зироатҳои лубиёдонагӣ дар зироатчигии ҷаҳон 120 млн/гектарро ташкил медиҳад. Онҳо дар мамлакатҳои Аврупо, Осиё ва Африқо (Ҳабашистон) паҳн шудаанд. Дар байни зироатҳои лубиёдонагӣ нисбатан масоҳати майдонҳои зиёдро кишти лубиёи чинӣ ва лубиё (40— 22% мутаносибан) ишғол менамоянд. Зироатҳои лубиёдонагӣ дар Россия, Украина ва Закавказе нисбатан дар масоҳатхои калон кошта мешавад.
Дар Осиёи Миёна лубиёи мукаррарӣ, мош, нахуди маҳаллӣ, зироатҳои қадимаи анъанавианд ва барои аҳолӣ аҳамияти калони озуқаворӣ дошта, манбаи асосии сафеда мебошанд.
Дар Тоҷикистон соли 2005 зироатҳои лубиёдонагӣ дар майдони 11,4 ҳазор гектар кошта шудаанд. Ҳосилнокиашон 117 с/га-ро ташкил дод.
Зироатҳои асосии лубиёдонагӣ-нахуди маҳаллӣ ва наск дар заминҳои лалмӣ кошта мешаванд. Масоҳати майдонҳои кишти лубиё, мош, боқило ва зироати нави ҷумҳурӣ-лубиёи чинӣ нисбатан камтаранд ва онҳо асосан дар заминҳои обӣ кишт карда мешаванд. Солҳои 70-ум дар Тоҷикистон пешбинӣ карда шуда буд, ки масоҳати кишти майдонҳои зироатҳои лубиёдонагӣ бояд то 70 ҳазор гектар ва истеҳсоли донашон то 60-64 ҳазор тонн расонида шавад. Дар солҳои охир бо сабаби ҳосили паст, ки аз риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ бармеомад, масоҳати майдонҳои кишташон якбора бидуни ягон асос кам карда шуд. Норасоии сафедаро дар маҳсулотҳои озуқавории аҳолӣ ба эътибор гирифта, масоҳати майдонҳо ва ҷамъоварии дони зироатҳои лубиёдонагӣ бояд 2-3 маротиба зиёд карда шавад, то ин ки норасоии маҳсулоти гуштӣ ва сафеда аз ҳисоби онҳо пардохт гардад. Зиёд кардани масоҳати майдонҳои кишти зироатхои лубиёдонагии ангорй, лубиё, мош, лубиёи чинӣ дар заминҳои обӣ, самти дар оянда зиёд кардани маҳсулоти онҳо мебошад.
Зиёд кардани ҳосилнокии дони зироатҳои лубиёдонагй, риояи қатъии низоми технологӣ ва минбаъд мукаммалгардонии агротехникаи парвариши онҳо, дар истеҳсолот татбиқи навъҳои серҳосил, омўзиши таҷрибаи пешқадамони истеҳсолот ва илмро талаб менамояд.

пешина
аз 314
навбатӣ