Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан
  1. Зироатҳои ғалладонагӣ.
  2. Бехмева ва лундамевагиҳо.
  3. Алафҳои хуроки чорво.
  4. Равғани ва эфирдор.
  5. Нахдиҳанда.
  6. Мадҳушкунанда(Табак ва махорка) Чунин гурўҳбандӣ ба талаботи растанипарварӣ ҳамчун илми истеҳсолӣ бештар мутобиқат мекунад ва ҳангоми тартиб додани барномаи курсу таҳияи китобҳои дарсӣ аз рўи ин фан истифода мегардад.

Принципҳои ( омилҳои ) гуруҳбанди зироатҳои маданӣ.
Аз руи хусусиятҳои ба вуҷуд омадани узвҳои зиёдшави ва дарозии давраи нашъунамо, зироатҳоро ба 2-гуруҳи асосии биологӣ тақсим мегардад; 1. Растаниҳои давраи тарақиёташон кутоҳмуддат 2. Растаниҳои давраи тарақиёташон дарозмуддат.
Растаниҳое, ки ба гуруҳи якум мансубанд ( оилаи хушадорон, авранҷиҳо ва ғайра ) тудагули онҳо дар натиҷаи дифференсация нуқтаи тараққиёт ба вуҷуд омада, тараққиёти аввали тез доранд ва баъди гулкунӣ боз дошта мешавад.
Гуруҳҳи дуюм бошад тараққиёташон то ( давраи ) тамомшавии давраи нашъунамо органҳои генеративӣ ва вегетативи пайдо намудан мегирад. Гул ва тудагул ин зироатҳо аз бағали барг пайдо мешаванд.
Аз руи дарозии вақт ҳаммаи растаниҳои олӣ ба растаниҳои яксола ва бисёрсола, аз руи пайдо намудани узвҳои генеративӣ ба монокарпияк маротиба мевадиҳанда ва поликарпи-бисёр карата мевадиҳанда тақсим мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ