70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Маҳз дар асоси ҳамин мавод омодасозии монографияи дастаҷамъӣ доир ба саҳми муҳаққиқони рус дар омўзиши ҷомеашиносии қаламрави Тоҷикистон дар охири асри XIX – ибтидои асри XX, ки таҳияи он соли 1982 оғоз ёфта буд, соли 1986 нашр шуд.
И. Ҳоҷиев ва И. Муҳаммадиев ба коркардии илмии проблемаҳои зерини таърихи асримиёнгаии илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи Шарқ шурўъ карданд:
– омўзиши таърихи табиатшиносӣ; эссеҳо дар бораи олимони алоҳидаи Шарқи Наздик ва Миёна дар асрҳои VIII – XIX;
– таҳқиқ ва ворид намудани манбаъҳои хаттии асримиёнагӣ оид ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба гардиши илмӣ;
– тартиб додани феҳристи мукаммали осори илмии арабӣ – форсӣ ва ғайра доир ба илмҳои табиатшиносӣ (физика, математика, астрономия, химия ва ғайра), ки дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шахсӣ нигоҳ дошта мешаванд;
– методикаи таълими фанҳои табиатшиноси асрҳои миёна дар Шарқ;
– рушди механика ва олоти ҳадасӣ ва астраномӣ дар асрҳои миёна дар Шарқ.
Яке аз мавзўъҳои муҳим барои кормандони шуъба тўли солҳои зиёд тартиб додани луғати арабӣ-форсӣ-тоҷикӣ-русии истилоҳоти табиатшиносии Шарқи асрҳои миёна, инчунин омодагӣ ба нашр ва нашри осори нодир ва пурарзиштарин рисолаҳои олимон ва мутафаккирони асрҳои миёна оид ба илмҳои табиӣ ва техникӣ буд.
Дар ин давра, ходими калони илмӣ Ҳоҷиев И. ва И.Муҳаммадиев мавзўъҳоро дар бораи саҳми олимони тоҷик Муҳаммад Наҷмуддинхон (асрҳои XVI-XVII) ва Баҳоуддин Омулӣ (XVII) дар математикаи ҷаҳон таҳия намуданд. Ҳамин тавр, «Рисола дар бораи алгебра» – и Муҳаммад Наҷмиддинхон соли 1983 омода ва бо забони русӣ ва тоҷикӣ дар асоси ягона дастнависи рисолаи алгебравии ин олими камшумори асримиёнагии тоҷик нашр шуд. Назарияи алгебравии муодилаҳои квадратӣ ва хатӣ, истихроҷи решаҳои мурракаб ва ғайра дар дастнавис бо шеъри зебо ба забони тоҷикӣ оварда шудааст. И. Ҳоҷиев рисоларо ба забони русӣ тарҷума карда, чопи факсимилӣ, натиҷаи таҳқиқи илмӣ ва шарҳи математикӣ ва инчунин луғати истилоҳиашро нашр намуд.
Яке аз вазифаҳои шуъба аз замони таъсисёбӣ дар соли 1980 ҳамоҳангсозии фаъолияти шуъбаи тоҷикистонии Ассотсиатсияи миллии советии таърихи табиатшиносӣ ва техникаи Академияи илмҳои ИҶШС (СНОЙФЕТ) гардид. Шуъбаи СНОЙФЕТ дар Тоҷикистон соли 1966 таъсис ёфта, аз 5 бахш иборат буд: таърихи илмҳои физика ва математика; таърихи илмҳои химия ва биология; таърихи илмҳои геологӣ ва ҷуғрофӣ; таърихи тиб ва бахши таърихи меъморӣ ва сохтмон, соли 1979 дар структураи он сексияи Ленинобод ташкил карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё