70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Виктор ДУБОВИТСКИЙ,
А. Қ. ШАРИФЗОДА,
Институти таърих бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи А. Дониш
ДАР РОҲИ ПУР ПЕЧУ ТОБИ ТАҲҚИҚИ
ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКАИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Шуъбаи таърихи илм ва техника соли 1980 дар шакли бахши Институт таъсис ёфта, н.и.т. Г. Н. Наврўзов нахустин мудири он таъйин мешавад, ки он вақт шуъба 5 корманди илмӣ дошт.
Дар солҳои аввали таъсисёбии шуъба мавзўоти асосии таҳқиқоти он ташаккул ёфта, се муҳаққиқ бо роҳбарии номзади илми химия Р.Бобохоҷаев дар бахши таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва се нафари дигар таҳти роҳбарии Г.Н.Наврўзов мавзуҳои марбути таърихи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва масъалаҳои умумии илмшиносиро мавриди таҳқиқ қарор доданд.
Дар ду соли аввали фаъолияти кормандони шуъба оид ба таърихи илм мавод ҷамъоварӣ намуданд, ки ин кори онҳоро роҳбарияти институт дастгирӣ намуда, онро умедбахш ҳисобид. Солҳои 1980-1982 Г. Наврўзов, Р. Бобоходжаев ва В. В. Дубовитский дар бойгонии марказии давлатии Узбекистон, бойгонии Ҷамъияти ҷуғрофии Руссия (ш. Санкт-Петербург), бойгонии шуъбаи ленинградии ИВАН, фонди дастнависҳо аз Китобхонаи давлатии оммавии ба номи А.Навоӣ (Тошканд), БАН Академияи илмҳои СССР (Ленинград), коллексияи дастнависҳои Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Салтиков-Шедрин (Ленинград) маводи муҳимро ҷамъоварӣ намуданд. Дар ҷараёни ин корҳо миқдори зиёди мавод оид ба таърихи омўзиши Тоҷикистон аз ҷониби олимони рус ва Аврупои Ғарбӣ дар нимаи дуюми асри XIX – ибтидои асри XX ҷамъ оварда шуда ба кормандони шуъба имкон дод, ки мавзўъҳои афзалиятноки таҳқиқи таърихи илми Тоҷикистонро дар ин давра ҷудо намоянд.
Солҳои 1983-1985 В. В. Дубовитский ва Р. Бобохоҷаев ҷамъоварии маводи бойгонии марбут ба таҳқиқи илмҳои табаитшиносӣ ва гуманитарии Тоҷикистони нимаи дуюми асри XIX – ибтидои асри XX-ро, ки дар як сарчашмаи нодири ҳамагӣ дар ду нусха мавҷудбуда – «Туркестанский сборник» мавҷуд аст, ҷамъоварӣ намуданд.
Ин маҷмуа дар охири асри XIX аз ҷониби библиографҳои рус Бедгер ва Иванов ба сомон расидааст. Онҳо инчунин доир ба мавзўи зикршуда маводи лозимаро, ки солҳои 1870-1918 дар рўзномаи «Туркестанские ведомости» ба нашр расида буд, ҷамъоварӣ намуданд.
Ин корҳои анҷомёфта барои дар оянда таҳқиқ намудани мавзўи «Саҳми олимони рус дар омўзиши Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри XIX-ибтидои асри XX» заминаи мусоиди сарчашмавиро фароҳам овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё