Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ни илмии сектори ҷомеаи шўравӣ ба чоп расида, рисолаи ниҳоят муҳимми Бобоҷон Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (барориши дуюм ва сеюм дар Москва, мутаносибан солҳои 1952, 1955) мақоми ҳалкунанда дошт. Дар ин ҷода бояд аз аҳаммияти таҳқиқоти гурўҳи муаллифон «Материалҳо доир ба таърихи тоҷикон ва ўзбекони Осиёи Миёна», ки дар ду барориш ба дасти мутахассисон ва қишри васеи хонандагон расида буд, ёдовар шуд. Барориши аввал ба масоили пайдоиши ўзбекони ба Шайбонихон иртибот дошта ва амалиёти истилогаронаи онҳо дар Осиёи Миёна, барои Мовароуннаҳр (муаллиф А. А. Семёнов) ва «Ислоҳоти пулии Шайбонихон (муаллиф Е. А. Давидович) бахшида шуда буд; барориши дуюм бошад, очерки сохтори идоракунии марказии хонигарии Бухороро (муаллиф А. А. Семёнов) дар бар мегирифт1.
Соли 1952 ходимони илмии сектори ҷомеаи шўравӣ дар доираи ду самти даврабандии таърихӣ тадқиқот мебурданд: «Омўзиши таърихи тоҷикон» ва «Тоҷикистони давраи навтарин», ки дар маҷмўъ ҳафт мавзўро дар бар мегирифт. Аз онҳо фақат ду мавзўи аввал ба таърихи тоҷикистони давраи шўравӣ иртибот дошт. Дигар 5 мавзўъ ин ё он масъалаи таърихи қадим ва асрҳои миёнаву нави халқи тоҷикро дар бар мегирифт, ки аз рўи онҳо А. А. Семёнов ва Б. И.
Искандаров таҳқиқот мебурданд. Баъзе аз масъалаҳои илмӣ-тадқиқотии ба таърихи қадим ва асрҳои миёна бахшида шуда, дар сектори бостоншиносӣ ба ҷо оварда мешуданд. Масъулияти ҳалли онҳоро асосан Б. А. Литвинский ва Е. А. Давидович ба зимма доштанд2.
Соли 1953 сектори ҷомеаи шўравӣ дар тадқиқи се масъала фаъолият мебурд, ки дар маҷмўъ 8 мавзўро дар бар мегирифтанд. Аз ин нишондиҳанда чор мавзуъ ба масъалаҳои таърихи тоинқилобии халқи тоҷик тааллуқ доштанд3.
Ходимони сектори таърихи ҷомеаи шўравӣ тибқи нақшаи мавзўӣ барои соли 1955 таҳти роҳбарии мудири сектор В.А.Казачковский, дар болои чунини мавзўъҳои таърихи тоинқилобӣ тадқиқот мебурданд: А. Ҷалилов – «Суғд дар асрҳои VIII-X», Б. И. Искандаров – «Бухорои Шарқӣ ва Помир солҳои 1870-1920», А. Мухторов – «Материалҳо доир ба таърихи Ӯротеппа. Аз рўи ҳуҷҷатҳои расмӣ»4.
Соли 1956 дар рўйхати корҳои ба анҷом расондаи ин сектор доир ба таърихи асрҳои миёна таълифоти А. А. Семёнов «Таърихи ис-

1 Бойгонии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Бойгонии ИТБМ АИҶТ). – Ф.2. – Оп.2. – Бастаи нигаҳдошт – №200. –В.1.
2 Бойгонии ИТБМ АИҶТ – Ф.2. Оп.2. Бастаи нигаҳдошт (дар оянда Б.Н.) №12.
– Парв. №116 (Ҳисобот доир ба корҳои илмӣ-тадқиқотии Институти търих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва секторҳои он). – В.7-10.
3 Бойгонии ИТБМ АИ. – Ф.2. – Оп.1. – Б.18. Парв. № 200. (Ҳисоботи институт). – В. 1-2.
4 Ҳамон ҷо. –В. 69-70, 79.

пешина
аз 162
навбатӣ