Алиҷуни ҷун

Ин китоб афсонаи халқии тоҷикиро дар бар мегирад. Он хонандагонро бо ҳикояҳои ҷолиби афсонавӣ шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 19 саҳифа
сипарӣ шуд, зани шоҳ як духтари нозанин таваллуд кард. Шоҳ ба ин муносибат тӯйи калоне барпо намуда, ҳафт шабу ҳафт рӯз ба мардум ошу нон дод. Тӯйю тамошо, рақсу бозӣ, ҳунарнамоии дорбозон ва паҳлавонон хотири тамошобинонро шоду масрур мегардонд. Хулоса, тамоми мардуми кишвар, ҳатто деҳаҳои мамолики ҳамсоя ба шодиву хурсандии шоҳ шарик гашта, баҳри табрику шодбошӣ меомаданд.
Аммо кӯдаки навзод ба кӯдаки одамӣ монанд набуд. Хислати аҷибе дошт. Дояҳо ӯро мемаконданд, вале ӯ сер намешуд, мемакиду мемакид. Ӯро сер карда наметавонистанд. Ва кӯдак тамоми рӯз оромӣ надошт, гиря мекард. Дод мезад. Дояву хизматгорон аз ин хислату феъли кӯдак ноҳинҷор гашта, чӣ кор карданашонро намедонистанд. Чандин донишманду дояи пуртаҷрибаро оварда, кӯдакро нишон доданд, вале касе чизе гуфта натавонист. Тамоми аъзои бадани кӯдак солим буду айбе надошт. Ҳамин ки шаб аз нисф гузашта, доя мондаву шалпар гашта, ғанабаш мебурд, ана ҳамон ҳолат духтарча низ хомӯш мегашт. Яъне гиряро бас мекард. Баъд атрофиён ҳамаи инро аз ғаши бади кӯдак дониста, дигар эътибор намедоданд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин хизматгорон дар ташвиш буданд. Нашавад, ки кӯдак бемор бошаду ногаҳон ҳодисае рӯй диҳад. Фақат аҷибаш ҳамин, ки кӯдак ба зудӣ калон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё