Зеҳн
Алиҷуни ҷун

Ин китоб афсонаи халқии тоҷикиро дар бар мегирад. Он хонандагонро бо ҳикояҳои ҷолиби афсонавӣ шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 19 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Алиҷон аз паяш давид. Суръати ӯ хеле баланд буд ва ба зудӣ ба Алиҷон расида гирифт. Алиҷон дид, ки девдухтар мисли як балои азим, чунон дар тоҳтутоз, ки ҳар як ҷаҳиши вай ба се-чор қадами одам баробар меояд. Ба ӯ хеле наздик шуда буд, ки насиҳати устодаш ба хотираш расид ва шонаро аз бағалаш бароварда ба ақибаш ҳаво дод. Шона ҳам сеҳрнок будааст, ки аз қафои Алиҷон ҳар донаи шона ба як дарахти азиму сарсабз табдил ёфтанд.

Як ҷангали анбӯҳ ба миён омад ва девдухтар дар он дармонд. Илоҷи гузаштан надошт. Девдухтар зуд ба сӯйи хонаи худ тохт. Ӯ дар хона аррае дошт, ниҳоят тезу бурро. Зуд арраро аз хона гирифта, баргашта ба арра кардани дарахтон оғоз намуд. Дар ин муддат Алиҷон масофаи зиёдеро тай намуда, аз макони девдухтар хеле дур рафт. Девдухтар барои худ роҳ кушода, боз аз пайи Алиҷон афтод. Ӯ сайдашро аз даст додан намехост. Боз суръаташро тезонд ва ниҳоят дар як биёбон ба Алиҷон расида гирифт. Алиҷон дид, ки девдухтар нияти дастгир кардани ӯро дорад, ин дафъа оинаро аз бағал бароварда, ба қафо ҳаво дод. Оинаи сеҳрнок дар ин биёбон, байни девдухтару Алиҷон як дарёи азимеро ба вуҷуд овард. Ӯ мавҷзанону хурӯшон ҷорӣ мешуд. Девдухтар пой ба оби сарду тезҷараёни дарё ниҳода, тарсид ва паҳлуи дарё қарор гирифт. Алиҷон бошад ҳамоно даргурез.
Девдухтар илоҷ наёфта, аз қафои Алиҷон дод зад:

  • Ҳой Алиҷон, ту ин дарёро чӣ гуна гузаштӣ?

Алиҷон гуфт:

  • Эзору бағаламро пури санг намудам, то оби шӯх маро ғалонда набарад ва баъд шино карда гузаштам.

Девдухтар бовар намуда, эзору бағалашро пури санг намуда, худро ба дарё андохт. Ӯ ҳамон лаҳза зери об шуд, дигар ба назар натофт. Оби дарё ӯро ба зери худ кашида, гирифта бурд ва Алиҷон наҷот ёфта, соқу саломат ба шаҳр, назди устоду ҳамсараш расид.

пешина
аз 19