МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ва боз:
Он шоҳиди ғайбӣ зи ниҳонхонаи буд Зад ҷилвакунон (?) ба саҳрои намуд.
Аз зулфи таъинот бар орази зот Ҳар ҳалқа, ки баст, дил зи сад ҳалқа рабуд.
(2, 546)
Шубҳае нест, ки дар пораҳои фавқ (бо назардошти вазну мазмуну мантиқу таносуб) калимаҳои «дастат», «иду» ва «гом» сарфи назар шудаанд. Дар пораи сеюм, бино бар тақозои вазн, калимаи «бар»-ро «бари» хондан дуруст будагист.
- Барғалат хондани матн.
Чунин ғалатҳо бештар рафтаанд ва муҷибашон ҳамоно ба эътибор нагирифтани шаклҳои гуногуни хондани калимаву ибораҳо, сарфи назар шудани мантиқу маънӣ, вазн ва дигар унсурҳои шеър аст.
Дар шеъре омадааст:
Маю нуқл аст вирди ман шабу рўз,
Бино мезад, зиҳӣ авроду авқот.
(1, 200)
Ба сад паҳлу, ки бигардонӣ, маънии ибораи «бино мезад»- ро фаҳмидан амрест муҳол. Шояд «ба ном эзид» бошад, яъне, «вирди ман дар асл шабу рўз маю нуқл асту ба ном – эзид»?
Пораи дигарро бубинем:
Ба сабр кўш, дило, рўзи ҳаҷр фоида нест, Табиб шарбати талх аз барои фоида сохт…
Ба ҷангҷўйии чашмат хушам, ки мебояд Ҳариф мардуми бадмастро ба арбада сохт.
(1, 284)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё