МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
- Аз матн афтодани калимаҳо.
Ин ҳол аз бедиққатии котибони девони шоир рух дода бошад ҳам, мебоист бо роҳи муқоясаву муқобала аз ҷониби масъулони нашри имрўз ҳатталимкон ислоҳ мешуд.
Мутаассифона, вожаҳои зиёди афтода хонандаро банди шубҳаю гумонҳо гардонда, дарки бемонеаи байту мисраъҳоеро мушкил намудаанд.
Зи бас гул, ки (?) роз дар вай шукуфт,
Ҳаме шоядаш «Гулшани роз» гуфт.
(1, 85)
Мо, ки асли матнро дар даст надорем, танҳо ба тахмину гумон метавонем бигўем, ки калимаи афтода «бас»
аст ё «сад» ва ё «чун». Агарчи чунин тахмину гумонҳо дар мавриди матни классикӣ норавост, ҳини мутолиаи байту мисраъҳое, ки ягон ҷузъашон афтодааст, хонанда ноилоҷ ба он даст мезанад. Бояд гуфт, ки баъзан ҷузъи соқитро аз луғати худи байту мисраъ ва таносубу мантиқи сухан метавон дарёфт, чун дар ин байт:
Боз раст аз панҷаи (?) гиребони ҳаёт,
Ҷомӣ, аммо н-омадат домони беҳбудӣ ба даст.
(2, 537)
Ва ё дар ин қитъа:
Қуфле, ки рўза бар дари айшу нишот зад,
Шакли ҳилоли ид зи зар сохташ калид.
Минбаъд мову (?) маи лаълу айши нақд,
Не шодмон ба ваъдаву не хоиф аз ваид.
(1,344)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё