МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ба ҷаноби шаҳи мо гар бирасӣ
Фақру фия рафеъуддараҷот…
Чун расӣ каъбаи он кўй, Камол,
Қурбуннафс вақаф биларафот.
Дар хотима, вобаста ба хосияти муҳимми эҷодиёти
Камол – суханбозии моҳирона нуктаеро зикр бояд кард.
Азбаски девон нашри оммавист, калимаҳои духўраро дар он бо шарҳ ё воситаи дигаре назарраси хонанда кардан мақбул менамояд. Вагарна маънои духўра аз назар меафтад ва лутфу назокати сухан пинҳон мемонад.
Дил, ки чун гўест дар майдони ҳусни он ҷамол,
Гар ба чавгон нисбати зулфат кунад беҳудагўст.
Аввалан, оҳангу таркиби ҷумларо тахт мебояд кард.
Байт як ҷумлаи мураккаби сертаркиба буда, аз сарҷумла («Дил беҳудагўст») ва ду ҷумлаи пайрав («ки чун гўест дар майдони ҳусни он ҷамол» ва «гар ба чавгон нисбати зулфат кунад») иборат аст. Ба тақозои табиати чунин ҷумла сарҷумлаи он бояд аз ду тараф бо вергул ҷудо карда шавад. Сониян, аён аст, ки дар ин байт калимаи «гўй» мавриди суханбозӣ қарор гирифтааст. Аз ин рў, калимаи «беҳудагўст» (ва дигар калимоти духўра)-ро шарҳ додан ҳусни нашри оммавист.
Ё худ дар ин байт:
Соқӣ, зи ҷоми дўшин дигар май ор моро,
К-имрўз гар хум орӣ, ҳам нашканад хуморе.
«Май ор» ҳам метавон хонду «маёр» ҳам; шарҳ додани суханбозии «хум орӣ» –«хуморе» ҳам бар нафъи завқи хонанда хоҳад буд (аслан, ба фикри мо, шакли саҳеҳи ин байт бояд чунин бошад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё