МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Дар шеър бошад, одат шудааст, ки дар охири мисраи якум ҳатман вергул ва дар охири ҳар байт бечунучаро нуқта биёяд. Ҳол он ки ин тавр нест ва риояи оҳанг, дурустии матн, пурра дарк шудани маънӣ, тобиши паҳлуҳои гуногуни сухан маҳз ба барҷо мондани аломатҳои китобат вобастагӣ дорад. Бубинед, ки вергулҳои нобарҷо ё афтода хондану фаҳмидани ин байтҳои равону зеборо чи мушкил ва маъниро чи дигаргун мекунанд:
Рухаш моҳ аст, агар бинемаш он моҳ,
Ба чашми мо наояд моҳи дигар.
Дурусташ:
Рухаш моҳ аст, агар бинемаш, он моҳ
Ба чашми мо наояд моҳи дигар.
Ё худ:
Камол, то нашавӣ, ҳеҷ магзар аз дари ў,
Ки заҳмати ту бад-он хоки остон нарасад.
Дурусташ:
Камол, то нашавӣ ҳеҷ, магзар аз дари ў,
Ки заҳмати ту бад-он хоки остон нарасад.
Камол аз шоиронест, ки каломи рехтаву равон ва ба тамоми мардуми тоҷикзабон наздику фаҳмо дорад. Дар осори ў шояд камтар аз дигарон калимаву ибораҳои дар доираи васеъ номафҳуми арабӣ дучор биёяд. Маҳз ҳамин калимаву ибораҳо боиси ба девони мазкур роҳ ёфтани як қатор ғалатҳои дигар шуда, вазн ва зимни он мазмуну дарки ғазалҳоро костаанд. Ин ҷо якеро зикр мекунем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё