Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

маъшуқа аст, «хубеву» мавқеъ надорад, балки шакли муроҷиату тасдиқ – «хубиву»-ро металабад:

Гар ду рух пўшиву гар на, ҳар ду зебо оядат,
З-он ки ҳам пинҳон чу ҷон хубиву ҳам пайдо латиф.

Айни ин ғалат дар мисоли зерин ҳаст:

Дидам лабу даҳонаш бўсе (?) ба ханда гуфтам,
Гўянд бо латифон бисёр аз ин латоиф.

Ғалатҳои зиёде аз он сабаб омадаанд, ки маънои гуногуни калимот сарфи назар шудааст. Масалан, дар байти поён мураттибон фирефтаи зоҳир шуда, калимаи мураккаби «пешхўрд»-ро ба шакли «пеш хурд» рўбардор кардаанд.
Ҳол он ки ин шакл дархурди услубу моҳияти байт нест:

Ғами ту хўрдам, он гаҳам куштӣ,
Хунбаҳо пеш хурд кард қатил.

Бояд гуфт, ки «пешхўрд» ба маънои таҳтул, субҳона дар осори классиконамон ҳаст. Ҳаким Низомӣ мегўяд:

Ҷаҳон пешхўрди ҷавонӣ-т бод,
Фузун аз ҳама зиндагонӣ-т бод!

Мисли ҳамин, дар байти дигар калимаи «ҳароина», ки ба маънои «ҳатман», «ночор» меояд, нодуруст қабул ва пешкаши хонандагон шудааст. Вазни хароб ва набудани аломатҳои зарурӣ «армуғони» дуюми масъулони чопи китоб аст:

Ҷонам ба лаб расад чу васли ту бигзарад,
Ояд ба лаб ҳар-оина чун бигзарад ба ком.

пешина
аз 323
навбатӣ