Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

бошад, чунки тазоди он – «пайдо» бе ифодаи номуайянист ва ҳамсон будани ин ду воҳиди шеъри шоиреро чун Хоҷа Камол набояд сода шумурд.
Мисраи дуюми байти зеринро:

Саргузаште гуфтам аз дил, оташи ҷон шуъла зад,
Гарм шуд, ҳангома хоҳам бар сари афсона рафт.

дар ин шакл овардан матлуб аст: «Гарм шуд ҳангомахоҳам, бар сари афсона рафт».
Дар шеъри тоҷику форс таркибу иборот ва образҳое ҳастанд, ки дар давоми қарнҳо шакл гирифтаанд ва то ҳол бо паҳлуву тобишҳои гуногун истифода мешаванд. Онҳо чунон рехта, нишонрас ва суннативу одатӣ шудаанд, ки халалнопазиранд ва тағйирашон кори қарнҳо ва ё қудратҳост.
Аз он ҷумла ибораи «мардумаки чашм»-ро ҳама медонад ва дар ин байти Камол бо таҳриф омаданаш, бешубҳа, озори хотирҳо ва хотираи шоири сухандону суханшинос аст:

Дар дида туӣ, мардумаки рух зи кӣ пўшӣ?
Дар хона чу аз мардуми бегона касе нест.

Байт бар бозӣ дорондани «мардум»-у «мардумак» бунёд шудааст. Қабл аз он ибораи «мардумаки дида»-ро мебояд ёфт, он гоҳ байт дуруст рўйи коғаз меояд ва ғалате рух намедиҳад. Ғайр аз он, дар байт боз як ибораи устувор – «хонаи дида» ҳаст, ки барои мазмунан дуруст китобат шуданаш мусоидат мекунад. Бар асоси ин мулоҳиза байтро дуруст мехонем:

Дар дида туӣ мардумаке, рух зи кӣ пўшӣ,
Дар хона чу аз мардуми бегона касе нест?

пешина
аз 323
навбатӣ