МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
- Нуриҷаҳон-бегим
«Энсиклопедияи советии тоҷик» зикр кардааст, ки номи шоира Меҳриннисо буда, бо тахаллусҳои Нуриҷаҳон ва Махфӣ шеър гуфтааст. Мувофиқи ахбори ҳамин марҷаъ Нуриҷаҳон соли 1577 дар Қандаҳор таваллуд шуда, соли 1645 дар Лоҳур аз дунё гузаштааст. Тоҷӣ Усмон меорад, ки Нуриҷаҳон (Нуримаҳалаш низ мегуфтаанд) соли 983 ҳиҷрӣ дар хонадони Эътимодулдавла ба дунё омада будааст, вале, мутаассифона, марҷаи ин ахборро намегўяд. Бинобар маълумоти китоби электронии «Империя великих моголов»
(Википедия – Н.Қ.) ҳамсари ҳукмравои Ҳинд Ҷаҳонгиршоҳ будааст. «История Индии» (Москва, «Наука», 1968, саҳ.
434) зикр мекунад, ки падари Нуриҷаҳон-бегим Ғиёсбек аз Форс омада, яке аз лашкаркашони Акбар – набераи асосгузори давлати курагониёни Ҳинд Бобур (1556–1605) шудааст. Маълумоте, ки назари аксари маъхазҳоро мепайвандад, духтари амалдори Акбаршоҳ ва ҳамсари лашкаркаши ў (баъдан – ҳокими Бангола) Шерафкан будани Нуриҷаҳон аст.
Оид ба ҳусни расои шоира низ марҷаъҳо тақрибан як назар доранд ва далели гўёшон ин аст, ки шоҳзода Ҷаҳонгир ўро дар бозор (тибқи ривояти дигар дар ҳарами падараш) дида, ошиқи зор мешавад. Вале Акбаршоҳ ба ин муҳаббат мухолифат намуда, Нуриҷаҳонро ба яке аз лашкаркашонаш – Шерафканхон медиҳад. Баъди сари қудрат омадан Ҷаҳонгиршоҳ Шерафканро ба набард фиристодаву нобуд карда («Мунтахаб-ут-таворих»-и Ҳакимхон, бо нақл аз мақолаи А.Ғаффоров, саҳ. 149), Нуриҷаҳонро ба занӣ мегирад. «История Индии» (М., нашриёти «Наука», 1968, саҳ. 434) санаи ин воқеаро соли 1611 медонад, вале, бояд гуфт, ки дар санаи мазкур мухолифати мантиқие ҳаст. Агар Ҷаҳонгир соли 1605 ба сари тахт омада бошад (тибқи маълумоти К.А.Антонова, Т.М.Бонгард-Левин, Г.Кото-вский. История Индии. Нашри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё