ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ин издивоҷ тазмине барои амнияти модарам буд. Агар талаби падарамро рад мекардам, модари мазлумам дар зери лагадҳои он марди ҷоҳил мемурд. Тавре мебинед, достонҳои мо бо баъзе тафовут шабеҳи ҳаманд.
Дунё хеле ноодил аст, ба мани 29-сола мегӯянд пирдухтари аз даҳон афтода, ки саг ҳам дигар ба сӯяш намеояд, аммо ба шумои панҷоҳсола мегӯянд, ки “мард пирӣ надорад”, метавонад зани ҷавон бигирад! Ҳоло ман дар рӯ ба рӯи шумо нишастаам, аммо ҳушу ёдам дар ким куҷои дигар аст, раҳгум задаам, намедонам ин ҷо чӣ кор мекунам, намедонам ба куҷо равонаам, намедонам фардоям чӣ мешавад, ҳатто намедонам имрӯзам чи гуна ба поён мерасад.
Фаришта ашкҳояшро бо дастмол карду дар гулҳои беранги он хира шуд. Сарчоқро лӯла мекарду тоб медод ва боз мекарду дубора лӯла месохт. Риштаеро аз он берун оварду дар нуки ангушташ печонд ва ба мисли кинабарорҳо пай дар пай гиреҳ андохт. Тамоми сарнавишташ дубора аз пеши назараш мегузашт.
Рашид достони ӯро бо сари хам ва дуд дар гулӯ шунид.
Пушти сари ҳам сигор кашиду лаъличаро аз хокистару таҳсигорӣ пур кард. Хона ба ҳадде дудолуд шуд, ки онҳо чеҳраи якдигарро басахтӣ медиданд. Ӯ ногаҳон аз ҷой бархосту ба айвон баромад ва бо қадамҳои беназм ин тарафу он тараф гашт ва мушти маҳкаме ба сутуни айвон зад. Он қадар сахт куфт, ки духтар як қад парид. Баъд садои қадамҳояш аз паллаҳо ба гӯш расид, ки дошт поён мешуд. Ӯ баъди ним соат баргашт. Сару рӯяш тар буд ва қатраҳои об аз мӯйҳои то кифт хамидааш ба куртааш мечакид.
-Агар гӯям, ки достони зиндагии шумо маро мутаассир кард, дурӯғ мебуд. Сарнавишти шумо маро такон дод. Хеле афсӯс мехӯрам, ки тамъи бадбахтиро бисёр барвақт чашидаед. Бисёр пушаймонам, ки напурсидаву надониста рӯзгори шуморо аз будаш бадтар кардам, ҳатман ҷуброн мекунам, қавл медиҳам. Ин издивоҷи аҳмақона бояд ба як шевае хотима ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё