ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Хаёл кардам бароям ҳамсаре интихоб кардаанд, ки бева аст ё зани талоқшуда, ки агар аз ӯ ҷудо шавам, барояш сахт нагзарад. Аммо шуморо дидаму фаҳмидам, ки агар ин издивоҷ сар бигирад, корам печидатар мешавад. Эътирозам алайҳи шумо нест, аз хонаводаам дилхӯрам, ки чунин вазъияти ногуворро ба миён овард. Ман ин ҳарфҳоро бояд рӯзи аввал мегуфтам, иштибоҳ кардам, ки нагуфтам, дирӯз шумо дучори ваҳшатзадагӣ шудед, ман тарсидам, зеро медонам, ки аз ин ҳолат то девонагӣ як қадам роҳ аст... Медонам, ки шумо ҳам аз ин ҳолат нороҳат ҳастед, эҳсоси бадбахтӣ мекунед, аммо бароям ҳанӯз суол аст, ки чаро як духтари ҷавону зебо розӣ шуд ҳамсари як марди аз худаш 20 сол бузург шавад?
Ӯ сар бардошту рост ба чашмони Фаришта нигоҳ кард.
-Чаро?
Духтар хомӯшона сар ба зер афканд, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва манаҳаш аз алам ларзид. Ӯ ашкҳояшро бо дастмоли пояи сандалӣ пок карду оҳиста ба гап даромад.
- Магар аз одами маҳкум ба марг мепурсанд, ки мурдан мехоҳад ё не? Ҳалқаи дорро дар гарданаш меандозанд ва сандалиро аз зери пояш мебардоранд. Шумо мепурсед, ки чаро ба ин издивоҷ розӣ шудам? Ҳаргиз розӣ набудам! Аммо касе аз ман пурсид, ки чӣ мехоҳам? Ман дар ҳаждаҳсолагӣ номзади марди ҷавоне будам, ки хеле дӯсташ медоштам. Ӯ бевафоӣ карду як ҳафта пеш аз тӯй дар садамае ҷон ба ҷонофарин супурд ва маро дар нимароҳ ҳайрону сарсон гузошт. Ман мондаму як дили аз ғусса садпора ва як домани пур аз ашкҳои талх. Дар оташи сӯги ӯ пинҳон сӯхтаму парпар задам, вале рӯ ба мардум хандидам, то нагӯянд, ки духтари беҳаё будаст. Марги он ҷавон қадами наҳси ман талаққӣ шуду дигар касе маро нахост, то ки баъди ёздаҳсол шумо пайдо шудед. Мепурсед чаро ба издивоҷ бо марди бист сол аз худам бузург розӣ шудам? Шумо дар бораи хонаводаи ман чизеро намедонед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё