Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта рӯзе аз мактаб баргашту ҷисми Гулонро дар шохи дарахти анҷир овезон дид ва сари зебояшро дар лаби ҷӯ. Чашмони бози Гулон нур надоштанд ва пардаи кабуде рӯи он чашмҳо доман афканда буд. Ҷувздонаш аз дасташ афтид ва лаби ҷӯбори пур аз хун аз ҳуш рафт. Як моҳ ба худ наомад, аз табиб то муллои маҳалла сари болинаш буданд. Ёд надорад, чӣ гуна сиҳат шуд, аммо аз он рӯз ба баъд ҳар бор дар ҳавлӣ молеро забҳ кунанд, ӯро вараҷа мегирад. Ҳоло ҳам ҳамон мавҷи сард аз нуки по то ба сараш бурӯз мекард, ангуштонаш карахт мешуданд, эҳсосе дошт, ки пӯст аз танаш ҷудо мешавад. Мехост нафас бигирад, аммо ҳаво аз гулӯяш поён намерафт. Аз шохҳои зебои сайд мекашид, ки “бархез!”. Шикорчиҳо сигорҳои нимкашидаи худро ба кунҷе партофта, бо ҳайрат ба Фаришта чашм дӯхтанд.

  • Ин бечора «ғашӣ” будаст, - гуфт кадоме аз онҳо ва ба сӯи осмон ду дафъа тир кушод. Кӯдаки Нигина аз тарс чиррос зад.
  • Ҳеҷ гап нест, тарсро бо тарс мебароранд, ҳоло дуруст мешавад, - гуфт ҳамон шикорчие, ки аз камон шиллик карда буд ва бо таассуф ба китфи Рашид тап-тап зад. Фаришта сар ба тани лоша, мегузошту гиря мекард.
    Домод сар хам кард. Шикорчиҳо каме ақб рафтанд, то Рашид хиҷолат накашад.
  • Нигина, янгаро хона дарор, -нидо кард ниҳоят кадоме аз шикорчиҳо. Зан кӯдакашро ба ҳамон мард доду аз китфи духтар бардошт, аммо ӯ гардан намедод, ангор, ба тани бузи кӯҳи сабзида буд.
    -Айб аст, биё хона дароем, - гуфт Нигина ва ин дафъа бо бозувони қавияш тани нозуки Фариштаро бардошту ӯро ба сӯи хона кашонд.
    Фаришта бехуду бе ёд рӯи тахт мехобид, таб дошту ҳазён мегуфт, чанд дафъа ба ҳуш омаду Нигинаро дид, ки барояш дору медод, ба пешонии тафсонаш латтаи тар мегузошт ва зери лаб дуо мехонд.
пешина
аз 473
навбатӣ