Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Аз ҳама гӯру бало бохабар аст ин зан, - ба худ гуфт Фаришта ва аз пайи дастархон ба таҳхона даромад.Таҳхона ба андозаи се ҳуҷраи боло бузург ва хушку ороста буд, бӯи заҳ намедод, чароғи калони тубмонанд таҳхонаро мисли рӯз рӯшан мекард. Дар рафҳои чӯбин ба ҷуз якчанд шишаи туршӣ ва мураббо, ки шояд аз соли гузашта боқӣ мондаанд ва орду равғани дирӯза, ки шавҳараш аз бозори сари роҳ харид, дигар чизе набуд. Нигина рост мегуфт, ғарами дастрахону дастмол рӯи халтаҳое, ки маълум набуд чӣ доранд, мехобид. Ӯ як дастархони нимдоштро бардошту ба назди шикорчиҳо рафт, ки як қадам дуртар аз лоша сигор дуд медоданд.
Дастархонро дар рӯи сабза гузошту мехост баргардад, аммо чашмаш ба лоша афтиду ба баданаш рашъа дамид.
Шикорчиҳо бузи кӯҳиро сайд карда буданд. Нигоҳи бузи кӯҳӣ сӯи осмон буд ва ашкҳояш ҳанӯз дар гӯшаи чашмони асалиаш медурахшиданд. Ангор зинда буд, танаш бӯи алафи сабз медод. Шохҳои чапгаштааш чун кокули занҳо дар пушти сараш мехобид ва аз пистонҳои варамидааш қатрақатра шир мечакид.

  • Беҳуда задемаш, ба фикрам бордор аст, -гуфт яке аз шикорчиҳо, ки шиками сайдро даст-даст мекард. Гӯшҳои духтар аз ин ҳарфи шикорчӣ қуфл заданд, ӯ дар ҷояш шах шуд, гоҳ ба сайд нигоҳ мекард, гоҳ ба шикорчиҳо. Ниҳоят бехудона ба пойи ҳайкали зебои бузи кӯҳӣ афтид.
    Пешонии сиёҳу тани гандумгунашро навозиш кард. Зӯр зад, то чашмони лошаро пӯшонад, аммо натавонист, он чашмҳо ҳамоно рӯ ба осмон боз мешуданд. Ба Фаришта ҳолате рух дод, ки замони наврасиаш рух дода буд. Ғуноҷине дошт бо номи Гулон, ки аз хурдӣ бузургаш карда буд ва Гулон ҳам ӯро шояд модар мепиндошт, ки ҳар ҷо ба думболаш мерафт ва шаб то садояшро нашнавад хобаш намебурд.
пешина
аз 473
навбатӣ